Ин лаҳзаҳо дар МД Китобхонаи миллии Тоҷиқистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи хоқимияти давлатии шахри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии ҶТ, таҷлили 15- солагии Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷиқистон» ва бо мақсади амалӣ намудани таҷрибаи самарабахши пешгирии исрофкорӣ дар ҷомеа Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим» бо иштироки роҳбарияту намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону муҳаққиқон, имомхатибон ва дигар сохтору идораҳои марбута идома дорад.
Тавре ҳамкорамон Олуфта Шарипова аз макони баргузории чорабинии мазкур иттилоъ дод, кори Конфронсро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ифтитоҳ намуда, зикр дошт, қи қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, воқеан ҳам дар таърихи қонунгузории қишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати соҳибистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад.
Инчунин дар рафти ин ҳамоиши сатҳи баланд тавзеҳ дода шуд, қи воқеан ҳам рисолати Қонуни мазкур ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ буда, дар зарфи понздаҳ соли амалкарди худ дар ҳаёти миллат таҳаввулоти фархангию иҷтимоӣ ба вуҷуд овард.