Фоторепортаж: Вусъати корҳои созандагӣ дар Шамсиддин Шоҳин

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон сохтмони як қатор иншооти таиноти гуногун идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар маркази ноҳия вусъати тоза пайдо карда алакай қисме аз иншоти хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Тавре зимни боздид аён гардид аксари биноҳои сохташаванда аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда истодааст. Аз ҷумла дар маркази ноҳия ҳоло бинои хизматрасонӣ иборат аз 3-ошёна аз ҷониби соҳибкор Убайдулло Раҳмонов, бинои маркази савдо ва фуруши китоб аз ҷониби соҳибкор Қодир Сафаров, бинои хизматрасонӣ иборат аз 2-ошёна бо саҳми Наҷмуддин Гадоев ва дигар марказҳои иҷтимоию хизматрасонӣ бунёд карда шуда истодааст. Мавриди зикр аст, ки бо қомат афрохтани биноҳои сохташаванда аз як тараф симои марказ ва деҳоти ноҳия боз ҳам зебо гардад аз ҷониби дигар шахсони бекор соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

Нуралӣ Давлат,  махсус

барои сомонаи Радиои “Тоҷикистон

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *