Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарек мулоқот намуданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 27) бо Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Яник Глемарек мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами рӯз, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ ва натиҷаҳои кори Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳидро муҳокима карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷонибаро омили муҳими тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз арзёбӣ намуданд.

Тоҷикистон тайи 20 соли охир як қатор ташаббусҳои глобалиро оид ба оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иттифоқи оро қабул гардидаанд. Ташаббуси навбатии кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Таъкид гардид, ки айни ҳол бо ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон 5 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур дар соҳаҳои энергетика, татбиқи чораҳои зарурӣ барои пешгирии хатарҳои табиӣ, устувории ҷомеаҳои осебпазири минтақаҳои кӯҳӣ ба паёмадҳои иқлимӣ, маблағгузорӣ дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии обуҳавошиносӣ амалӣ мешаванд.

Дар мулоқот пешниҳод гардид, ки ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.