Имрӯз 7-ноябри соли 2022 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов – узви яккачини дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин”, барои ба даст овардани медали тиллоӣ GRAND SLAM BAKU 2022 дар кишвари Озарбайҷон хонаи 2-ҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе бо тамоми шароити рӯзгор тӯҳфа намуд.
Инчунин ба Муллораҷаб Халифаев – дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе барои ба даст овардани ҷойи дуюм ва гирифтани медали нуқраи GRAND SLAM BAKU 2022 ба маблағи 100 000 сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки GRAND SLAM BAKU 2022 аз 4-ум то 6-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон зиёда аз 60-кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин мусобиқаи бонуфузи сатҳи байналмилалӣ ба ду ҷудокори Тоҷикистон – Темур Раҳимов (+100кг) медали тилло ва ба Муллораҷаб Халифаев (-66кг) медали нуқраро ба даст овардан муяссар гардид.
Сорбон Амонуллозода