Дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бори нахуст бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарони ташкилотҳои касаба, фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор, корхонаю муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, меҳмонони хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои илмӣ – адабӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба бо суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ Маликшо Неъматзода ба самъи ҳозирин Паёми шодбошии Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба расонид. Ҳамзамон Маликшо Неъматзода дар идомаи суханронии худ иштирокчиёни ҳамоишро бахшида ба рӯзи касбияшон табрик намуд.
Дар идомаи ҳамоиш ба собиқадорон ва фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касабаро бо сипосномаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш зикр шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ фарогири 3 шӯрои вилоятӣ, як шӯрои шаҳрӣ, 17 кумитаи соҳавӣ ва 18 ҳазору 366 ташкилоти ибтидоӣ буда, дар сафҳояш беш беш аз 910 ҳазору 300 нафар аъзоро муттаҳид менамояд. Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешкаш гардид. Дар назди ҳозирин ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо сурудҳои дилангез баромад намуданд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”