Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои ҷавонони фаъоли кишвар озмун эълон намуд

Кумитаи ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2022 озмун эълон кардааст.

Тавре дар варақаи иттилоотии Кумитаи ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудаааст, дар озмун хоҳишмандон тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то 4 нафар дар синну соли 14-30) иштирок карда метавонанд.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун  то 28 ноябри соли 2022, соати 14:00 сурат мегирад.

Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6; телефон барои тамос (+37) 2211964, 2211967, 988.41.91.20, 904.06.60.7