Бонки Душанбе сити ба муштариёнаш чанд навъи кортро бо дизайни наву милликардашуда пешниҳод намуд.
Дар панҷ намуди ин кортҳо акси панҷ шоири классики форсу тоҷик (Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва Абдураҳмони Ҷомӣ) ва дар се корти дигар бо нақшу нигори миллӣ ороста шудааст.
Ба иттилои масъулини бонки мазкур бинобар сабаби дизайни хуб доштан кортҳое, ки бо аксҳои шоирони классики форсу тоҷик ороиш ёфтаанд 50 сомонӣ арзиш дошта, муҳлати эътибораш то се сол аст. Се навъи дигари кортҳои милликардашуда арзиши 30 сомониро доранд.
Ҳамзамон тибқи иттилои Душанбе сити ин кортҳо на барои сафар бо автобусу троллейбус, балки танҳо барои нигоҳдорӣ ва интиқолу воридоти маблағ пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки кортҳои ин бонк, ки нисбатан оддӣ оро дода шудаанд, 10 сомонӣ буда, муҳлати эътибораш 1 солу шаш моҳро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки бонкҳои ҷумҳурӣ тайи чанд вақти охир кӯшиш менамоянд, ки дар кортҳо унсури тоҷиконаро наққошӣ кунанд.