Дар рӯзи аввали “Abu Dhabi Grand Slam 2022” Тоҷикистонро – Шоҳида Қаландарова (-57кг) Муслимбек Каримов (-60кг) ва Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг) намояндагӣ карданд.
Шоҳида дар рақобати аввалинаш, Муслибек ва Шаҳбоз дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ мағлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.
Ҳамин тавр, рӯзи аввали “Abu Dhabi Grand Slam 2022” барои ҷудочиёни тоҷик бенатиҷа хотима ёфт.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа, дар вазни -63кг миёни бонувон – Мавлуда Одинаева ва миёни мардон дар вазнҳои -73кг ва -81кг – Маҳмадшариф Наҷмиддинов бо Шодмон Ризоев Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.