Дастаҳои «Соро Компания», «Сипар», «Истиқлол» ва «Истаравшан» барои роҳ ёфтан ба финали Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 мубориза мебаранд.
Ҷуфтҳои даври ниманиҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 муайян гардид. Дар бозиҳои даври 1/2 финал дастаҳои «Соро Компания» — «Сипар» ва «Истиқлол» — «Истаравшан» барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ рақобат мекунанд.
Бозиҳои аввали даври ниманиҳоӣ рӯзи 23-октябр доир мешаванд. Вохӯрии «Истиқлол» ва «Истаравшан» дар маҷмааи нави варзишии «Олимпи»-и шаҳри Душанбе соати 14:00 оғоз мегардад. Бозии дигари даври 1/2 ниҳоӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, дар ҳамон рӯз соати 17:00 миёни дастаҳои «Соро компания»-и пойтахт ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.
Суперлигаи футзали Тоҷикистон:2022
Даври ниманиҳоӣ
Бозиҳои аввал
Рӯзи 23-октябр (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
«Истиқлол» — «Истаравшан»
Рӯзи 23-октябр (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 17:00
«Соро компания» — «Сипар»