Аз 2850 то 6500 сомонӣ. Пешниҳоди кор барои бекорон

Рӯзи 22 октябр, соати 08:00 дар Душанбе, дар назди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон якмаркаи васеи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод доир мегардад.

Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар медиҳад, дар ярмарка аз сӯйи бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва корхонаву созмонҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ ва бима (суғурта) барои корҷӯён вазифаҳои озод пешниҳод мегардад.

“Музди меҳнат аз 2850 то 6500 сомонӣ пешбинӣ гардидааст”, – хабар доданд дар Вазорати меҳнат.

Маврид ба зикр аст, ки ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ташкилоти ҷамъиятии “Занони хушбахт” сурат мегирад.