«Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад” – таҳти ин унвон имрӯз дар Кохи Сомон Конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 700 нафар намояндагони кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисону таҳлилгарони дунё аз 59 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Конфронси мазкурро сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшида, изҳор доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешгирӣ кардани интиқоли фаросарҳадии ҷангҷӯёни террорист, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дабири кулли СММ Антониу Гутериш ба таври маҷозӣ баромад намуда, иқдоми Тоҷикистонро дар самти баргузории чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ шоистаи таҳсин хонд. Дар чорабинӣ вазирони корҳои хориҷии як қатор давлатҳо ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ баромад намуданд.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти рушди фановариҳои техникӣ терроризиму экстремизм низ дар шалҳои гуногун фаъолияти худро ба роҳ монда, амнияти минтақа ва ҷаҳонро зери хатар мегузоранд. Ба таъкиди коршиноси масоили сиёсӣ Зубайдулло Давлатов, яке аз хусусияти фарқкунандаи Конфронси 3-уми сатҳи баланд аз он иборат аст, ки бори аввал масъалаи амният ва мудирияти сарҳад дар меҳвари таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон қарор дода мешавад.
Дар Конфрнс зикр гардид, ки имрӯз дар ҷаҳон садҳо гурӯҳҳои ҷиноӣ ва террористӣ фаъолият доранд, ки пешгирӣ намудан аз ин зуҳуроти номатлуб ва муқовимат бар зиди он тавваҷуҳи хосро аз иштирокчиёни ҳамоиш талаб мекунад. Ба таъкиди таҳлилгари масоили сиёсӣ Қосими Бекмуҳаммад, масъалаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва ҳамчунин рафтуомад, тараддуд ва ҷобаҷо шудани гурӯҳҳои террористӣ дар сатҳи кишварҳои гуногун дар қиёс ба замони гузашта бисёр ҷиддитар шудааст. “Бинобар ин, бо баргузории ин ҳамоиш Тоҷикистон бори дигар ташаббус ва иқдомоти худро ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба терроризму экстремизм нишон дод, ки он ҳам барои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам фаротар аз он, аз аҳамияти зиёде бархурдор аст”-мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад.
Ҳамзамон, дар Конфронс ҷонибҳо бо нигаронӣ аз афзоиши ҳаракатҳои террористӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳавасмандии худро ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо терроризму экстремизм баён намуданд. Ин Чорабинӣ идомаи мантиқии «Раванди Душанбе» аст, ки моҳи майи соли 2018 оғоз шуда буд. Ёдовар мешавем, ки Конфронси сатҳи баланд, таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад” дар пойтахти мамлакат то рӯзи 19-уми октябр идома мекунад.
Баҳруллои Муҳаммадшариф
радиои “Тоҷикистон”