Тавре қаблан ҳам хабар дода будем, имрӯз Тоҷикистон мизбони чорабинии сатҳи байналмилалӣ доир ба масоили тероризму экстремизм ва пешгирӣ аз он аст. Чанд лаҳза пеш Конфронси навбатии Душанбе — «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад” ба кори худ оғоз намуд.
Пас аз маросими аксбардорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуданд. Сарвари давлат қайд намуданд, ки тероризму эктремизм зуҳуроти номатлуб буда, ба амнияти минтақа ва ҷаҳон ҳар лаҳза метавонад хатар ворид намояд. Ба таъкиди Пешвои миллат Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу субот буда, ҳамеша талоши худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатарҳо махсусан тероризму эетремизм равона месозад.
Ҳамзамон дар чорабинӣ Дабири кули СММ Антонио Гутериш ба таври онлайнӣ баромад намуда, баргузории чунин як чорабинии сатҳи баландро дар самти пешигирӣ аз ҳаракатҳои терористӣ муҳим арзёбӣ намуд. Антонио Гутериш ба ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати баргузории чунин як конфронсии сатҳи баланд изҳори минатдорӣ намуд.
Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди, вазир корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вепа Хадҷиев баромад намуданд.
Дар идомаи конфронси имрӯза намояндагони як қатор давлат ва созмонҳои байналмилалӣ низ бааромад хоҳанд кард. Инчунин дар чорабинӣ масъалаҳои падидаи ҷангҷуёни хориҷии терорист ва пайомадҳои он барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи амният ва мудирияти сарҳад дар заминаи муқовимат ба тероризм мавриди барасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ёдовар мешавем, ки ҳоло конфронси мазкур идома дорад ва аз ҷараёни он маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад гардид.
Баҳруллои Муҳаммадшариф.