Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Шӯро ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора ҳамкорамон Олуфта Шарипова аз макони баргузории чорабинӣ иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ дар оғози ҷаласа раиси Шӯро, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд дар доираи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 сухан гуфт.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди муҳокима қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор тавсияҳо дода шуданд, ки фаъолиятро баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси тоқатнопазирӣ ба нашъамандӣ дар ҷомеа тақвият бахшида, ҷиҳати таъсири он ба пешгирӣ ва паст намудани сатҳи нашъамандӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳамкориро дар ин самт таҳким бахшанд.
Дар ин радиф оид ба фаъолитяи минбаъда нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2023 тасдиқ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.