Имруз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бахшида ба Рўзи соҳибкорон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Саъдӣ Қодирзода дар мавриди дастгириҳои давлатии соҳибкорӣ ва ислоҳоти ҷоригардида дар ин самт ҳозиринро бори дигар хотиррасон намуд. Таъкид карда шуд, ки сол ба сол дастгириҳои давлатӣ самараи худро дода истодаанд ва соли равон саҳми бахши хусусӣ дар ММД ба 70 фоиз расидааст. Он имтиёзҳое, ки ҳангоми бақайдгирии субъектҳои фаъолият, истеҳсоли моли ватанӣ, содироти маҳсулот, воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ ба соҳибкорон дода шудааст, имкон фароҳам овард, то ки дар бозори истеъмолӣ номгуй ва ҳаҷми моли ватанӣ сол ба сол афзояд.
Дар идомаи чорабинӣ вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир камбудиҳоро дар самти рушди соҳибкорӣ зикр намуда, таъкид дошт, ки бояд соҳибкорон маърифати худро бештар намоянд. Ҳангоми дар Намоишгоҳҳои байнадмиллалӣ ширкат намудан ва ё ҳангоми ҷалби сармоягузорӣ ба нозукиву шартҳои он таваҷҷуҳ созанд. «Имруз вақти он расидааст, ки мо ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ зудтар гузарем. Дар ҷаҳони имруза, аллакай, соҳибкорони муваффақ бо истифода аз технологияи навин фаъолияти худро тавассути маҷозӣ ба қайд мегиранду эъломияи андозиро месупоранд. Дар кишвар барои ба роҳ мондани муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо ва журнали электронӣ корҳо идома доранд. Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ платформаи онлайниро ба роҳ монда истодааст, ки барои додани иҷозатнома ба соҳибкор кўмак менамояд», – таъкид дошт Шералӣ Кабир.
Намояндаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Баҳодур Юсупов оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкорӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки нисбат ба солҳои пешин маърифати соҳибкорон дар самти гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо беҳтар шудааст. Яъне онҳо аллакай раванди ҳамкориро аз худ намудаанд ва дар оянда низ БАТР мекӯшад, то соҳибкоронро дастгирӣ намояд.
Дар охири чорабинӣ ба чанде аз соҳибкорони муваффақ барои саҳмгузорӣ дар ободонии ватан, фаровонии бозори истеъмолӣ ва бештар намудани ММД ифтихорномаҳо супорида шуд.
Ёдовар мешавем, аз 14 октябри соли 2014 баъд аз мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рўзро ҳамчун иди соҳибкорон эълон дошта буданд ва таи ҳашт сол аст, ки он дар қаламрави ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”