Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов (+100кг) пас аз он, ки дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон мақоми 5-умро касб кард, дар ин мусобиқа 720-имтиёз ба даст овард ва ҳоло ҳам дар вазни беш аз 100кг дар садри беҳтарин ҷудокорони сайёра қарор дорад.
Темур Раҳимов дар раддабандии ҷаҳонии ҷудо бо 4705-имтиёз дар ҷойи аввал аст.
Пас аз ӯ дар зинаи дуюм паҳлавони Гурҷистон Гурам Тушашвилии бо 4689-имтиёз мавқеъ гирифтааст.
Дар ҷойи сеюм қаҳрамони ҷадиди ҷудои ҷаҳони Тошканд – Андӣ Гранда аз Куба бо 4432-имтиёз маскан гирифтааст.