Имрӯз даври ҷамъбастӣ ва маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони “Садои дил” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, Дар Фестивал-озмун ғолибон – ҷавонони синни 14 то 35 сола аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ иштирок менамоянд. Оғози ин чорабинӣ 7 октябри соли 2022, соати 14:00 гуфта мешавад.
Вазорати фарҳанг аз хоҳишмандон барои иштирок давъат мекунад.
Ин озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 21 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025”, бахшида ба “Рӯзи Фалак” ва 30-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буд.