Сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе офатҳои табииро баррасӣ мекунанд

Аз аз Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиа гражданӣ

6 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии – Ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо: таҳкими устувории минтақаи Осиёи Марказӣ ба офатҳо баргузор мешавад. Дар ин бораи Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиа граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар кори форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои маблағгузор ва Агентиҳои СММ ширкат мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ дар заминаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

4 октябр дар доираи Форуми минтақавӣ ҷаласаи васеъи Шӯрои минтақавии илмӣ-техникӣ (ШМТ) ба кори худ оғоз кард, ки дар он ба иштирокчиён натиҷаҳои арзёбии нави минтақавии хатарҳо барои Осиёи Марказӣ ва натиҷаҳои он муаррифӣ карда мешаванд. Натиҷаи таҳқиқоти кишварҳо доир ба Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба баланд бардоштани устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба шабакаҳои амнияти иҷтимоӣ дар ин кишварҳо нигаронида шудааст, пешниҳод мегардад.

Гуфта мешавад, баргузории чанд мизи гирд дар мавзӯи «Иқдомоти баъдӣ: дурнамои идораи хатари офатҳои табиӣ ва маблағгузорӣ дар Осиёи Марказӣ чист?» ва “Шӯрои минтақавии илмӣ-техникӣ ва нақши он дар дастгирии барномаи Идораи Хатари Офатҳои табиӣ дар минтақа” баргузор мешаванд.