Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Табрикоти самимонаи маро ба муносибати 70-солагиатон бипазиред.
Ба сифати арбоби давлатии хирадманд ва соҳибтаҷриба, ки дар ростои рушди кишвари худ ва ҳимояи манфиатҳои он корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, Шумо миёни ҳамватанонатон аз эҳтироми шоиста бархурдор гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори баланд касб намудаед.
Ҳамчун дӯсти ҳақиқии Русия Шумо дар кори таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни давлатҳоямон, тавсеаи робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай шахсан саҳми бузург мегузоред.
Робитаҳои нек ва дӯстонаамонро баланд қадр мекунам. Аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкориҳои наздики муштарак оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ хушҳол хоҳам буд.
Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, аз самими қалб сиҳатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолиятатон ба нафъи мардуми дӯсти Тоҷикистон комёбиҳо таманно дорам».
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:
“Муҳтарам ҷаноби Президент, дӯсти деринаи азиз!
Иҷозат фармоед, ба муносибати 70-солагиатон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро арз намоям.
Таҳти роҳбарии Шумо, ҷаноби Президент, Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт ва дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Ба сифати ҳамсояи дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ Чин аз ин сидқан хушҳол аст.
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамеша суръати хуби рушди худро нигоҳ медоранд. Аз ибтидои ҳамин сол, дар баробари идомаи ҳамкории зич бо Шумо, мо ба мақсади баровардани робитаҳои Чину Тоҷикистон ба марҳилаи нав дар иртибот ба муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор анҷом медиҳем.
Ман ба рушди робитаҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти бузург зоҳир намуда, муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии наздики шахсиамонро қадр мекунам. Бо таъкиди 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ, омодаам, ки бо Шумо барои мусоидат ба пешбурди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистон дар арсаҳои гуногун ба нафъи ду кишвар ва мардумони онҳо саъю кушиши муштарак ба харҷ диҳам”.
Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бародари азиз!
Ман аз самими қалб хеле шодам, ки ба Ҷаноби Олӣ ба муносибати 70-солагии зодрӯзашон табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринамро мерасонам.
Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистони муосир, фарзанди барҷастаи халқи худ ва пешвои ҳақиқӣ мешиносем, ки ба хотири сулҳу шукуфоии кишваратон бо матонати бузург фаъолият менамоед.
Натиҷаи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Шумост, ки дараҷаи некуаҳволии мардум баланд шуда, мамлакат дар тамоми соҳаҳо муваффақияти намоён ба даст меоварад ва нуфузи давлат дар арсаи байналхалқӣ баланд мешавад.
Сафарҳои сатҳи олӣ, ки солҳои охир сурат гирифтанд, муколамаи фаъоли мо бар асоси принсипҳои эҳтиром ва дастгирии мутақобила шарикии стратегиро ба сатҳи комилан нав – муносибатҳои иттифоқӣ бароварданд.
Бешубҳа, ба шарофати иродаи устувори сиёсӣ ва талошҳои тарафайни мо муносибатҳои гуногунҷанба миёни Узбекистон ва Тоҷикистон минбаъд низ дар тамоми соҳаҳо дар рӯҳияи дӯстии абадӣ, эътимоди ҳамдигар ва ҳамсоягии нек инкишоф меёбанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бори дигар Шуморо ба муносибати рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаётатон – солгарди пуршараф самимона табрик гуфта, ба шумо саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ муваффақияти калон ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу оромӣ ва пешрафти доимӣ таманно дорам».
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин барқияи шодбошӣ ирсол намуд:
“ Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,
Табрикоти гарму ҷӯшони маро ба муносибати зодрӯзатон қабул кунед.
Маҳорати баланди кордонӣ, салоҳиятнокӣ, қувваю хиради барҷастаю фавқулода Шуморо намунаи равшани роҳбари сиёсие мегардонанд, ки масъалаҳои мураккаби давлатиро муваффақона ҳал менамояд.
Рушди дилпурона ва босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пайваста ва мутавозини пешгирифтаи Шумо, ки имкон медиҳад афзоиши бемайлони нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва некӯаҳволии мардуми он таъмин шуда, сулҳу субот дар ҷомеа пойдор гардад, зич алоқаманд аст.
Ман барои муносибати созанда ва ҳавасмандонаи Шумо нисбат ба рушди муносибатҳои Беларус ва Тоҷикистон самимона миннатдорам.
Итминон дорам, ки вохӯрии дарпешистодаи мо дар Душанбеи офтобӣ ва меҳмоннавоз ба ҳамкории гуногунҷанбаи стратегии ду кишвар ба манфиати халқҳои бародар такони иловагӣ мебахшад.
Аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, саломатии бардавом, хонаободӣ ва расидан ба ҳадафҳоятонро орзумандам”.
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
“ Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини маро ба муносибати 70-солагии зодрӯзатон қабул фармоед!
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон некуаҳволии шаҳрвандон ва нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ пайваста баланд мебардорад. Дар баробари ин, нақши рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам дар дохили минтақа ва ҳам берун аз ҳудуди он бояд зикр намуд.
Туркманистон ба муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Мо ҷонибдори ҳамкории минбаъда ва дастгирии пешниҳоду ташаббусҳо оид ба тавсеа ва таъмиқи ҳамкорӣ миёни Туркманистон ва Тоҷикистон ҳастем. Мехостам диққати шахсии Шумо ва саҳми бузургатонро дар рушди муносибатҳои дӯстонаамон махсусан зикр намоям.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, аз самими қалб саломатии бардавом, рафоҳати оилавӣ ва хушбахтӣ, ба мардуми бародари Тоҷикистон- сулҳу субот, пешрафт ва шукуфоӣ таманно дорам”.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар табрикоти худ гуфтааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Лутфан самимонатарин табрикот ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати ҷашнвораи 70-солагиатон бипазиред.
Ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони муосир дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, дар таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бо номи Шумо робитаи ногустатанӣ доранд.
Ба сифати пешвои ҳақиқии кишвари худ Шумо эҳтироми самимии миллионҳо ҳамватанони худро касб карда, амсоли дурахшони хизмат ба Ватан ва соҳиби обрӯву эътибори баланд дар арсаи байналмилалӣ гаштаед.
Бовар дорам, ки Тоҷикистон дар пайрави ба сиёсати мақсадноки Шумо дар роҳи пешрафту таҷдиди ҳамаҷониба дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт минбаъд низ ба сӯйи пеш ҳаракат карда, дар роҳи рушд ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум қуллаҳои навро фатҳ хоҳад кард.
Озарбойҷон ва Тоҷикистонро аз даврони қадим риштаҳои амиқи дӯстӣ ва эҳтироми якдигарӣ ба ҳам мепайванданд.
Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи мо дар такя ба ин анъанаҳои нек минбаъд низ ба хотири шукуфоии мардумон кишварҳои мо тавсеа ва таҳким хоҳанд ёфт.
Мехоҳам бахусус таъкид намоям, ки дар Озарбойҷон саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таъмиқи робитаҳои байнидавлатии мо баланд арзёбӣ менамоянд ва ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳоямон аҳаммияти хосса медиҳанд.
Дар ин рӯзи хотирмон аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, умри бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатии сермаcъулатон комёбиҳо бар нафъи мардуми бародари Тоҷикистон хоҳонам”.
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ чунин омадааст:
“Салом алайкум.
Фаро расидани солрӯзи таваллуди Ҷаноби Олиро самимона табрик мегӯям.
Муносиботи дӯстона ва бародаронаи ду кишвар дар сояи пайвандҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ, тамаддунӣ ва забонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди бисёр хубе бархӯрдор шудааст. Умедворам бо идомаи дидори мақомоти ду кишвар ва баргузории нишастҳои муштарак, шоҳиди фасли ҷадиде аз ҳамкориҳо бо ҳадафи таъмини манфиатҳои мутақобил ва таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ бошем.
Аз Худованди мутаъол саломативу муваффақияти он Ҷаноб ва беҳрӯзиву сарафрозии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам”.
Нурсултон Назарбоев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимии маро ба муносибати 70-солагии Шумо қабул кунед!
Ман шуморо ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба ва пурқуввате мешиносам, ки дар рушди ҳамаҷониба ва босуръати кишвари худ, баланд бардоштани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ саҳми бузург гузоштааст. Бигзор ҳар иқдоми шумо дар роҳи шукуфоии Тоҷикистон ба қуллаҳои нав расонад.
Саҳми арзандаи Шуморо дар рушди ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон мехоҳам ба таври алоҳида зикр намоям. Итминон дорам, ки шарикии стратегӣ миёни кишварҳои мо, ки аз ибтидо бар пояи арзишҳои ҳамсоягии нек ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтааст, минбаъд низ ба таври муназзам густариш хоҳад ёфт.
Ҳамеша тамоми мулоқоту суҳбатҳоямонро бо Шумо гарму ҷӯшон ба ёд меорам.
Дар ин рӯзи ид, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, Шуморо бори дигар бо зодрӯзатон табрик гуфта, ба Шумо саломатии бардавом ва неруи бепоён, рафоҳати оилавӣ, комёбиҳо дар фаъолияти масъулиятнокатон ва ба халқи бародари тоҷик- сулҳу шукуфоӣ таманно дорам”.
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар матни табрикотии худ гуфтааст:
“Ҷаноби Президент,
Дӯсти азизам,
70-умин солгарди зодрӯзи Ҷаноби Олиро аз номи миллатам ва шахсан аз номи худам аз сидқи дил табрику таҳният мегӯям.
Итминон дорам, ки муносибатҳои мо бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, ки дорои пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад, дар сулҳу субот, тақкими фазои пешрафт ва таъмини рушди иқтисодӣ дар минтақа, инчунин дар ҳамбастагии байни мардумон саҳми худро мегузорад.
Дар ин росто умедворам, ки дар марҳилаҳои минбаъда низ дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳамкории наздик бо Шумо барпо намудани ояндаамонро бо бовару қотеъияти муштарак идома хоҳем дод.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо Ҷаноби Олӣ ва аъзоёни оилаатон тансиҳатӣ, шодкомӣ ва умри дароз таманно намуда, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон рифоҳу осоиштагии пойдор орзумандам”.
Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.