Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон бо шикаст додани тими миллии Туркманистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт.
Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 8:5 ғалаба ба даст оварда, дар гурӯҳи «В» ҷойи дуюмро касб кард ва ба марҳилаи 1/4 финал роҳхат гирифт.
Тими мунтахаби Тоҷикистон охирин маротиба 15-сол қабл – соли 2007 ба даври 1/4 ниҳоӣ Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд.
Дастаи Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо ғолиби гурӯҳи «А» ҳунарнамоӣ мекунад.