Вокунишҳо ба аҳдшиканӣ ва ҳамлаи низомии Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон, паёмадҳои ин ҳамлаи хунин ва инчунин дурӯғпароканиҳои ҷониби қирғиз дар мавриди ҳаводиси марзӣ аз мавзуҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 21 сентябр матлабе зери унвони “Қирғизистон шартҳои протоколро иҷро намекунад!” таҳлили ихтисосӣ дар асоси изҳороти ВКХ Тоҷикистон чоп карда, навиштааст, ки Тоҷикистон бори дигар аз ҷониби Қирғизистон даъват мекунад, ки протоколҳои имзошударо дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзӣ иҷро кунад. Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки кишвари ҳамсоя ба ҳамла омодагӣ мебинад ва оқибатҳои ин гуна амалҳои иғвогарона ба дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд.
Алиназар Ашӯров, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфтааст, ки мавқеъгирӣ ва муносибати роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҷонибдори идома ёфтани моҷаро ва мураккаб боқӣ мондани вазъ ҳастанд. Бахусус нисбат ба Тоҷикистон истифода гардидани мафҳумҳои “душман” ва “таҷовузгар” аз тарафи Президенти Қирғизистон Садир Жапаров далели ин гуфтаҳо аст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи рӯзи 19 сентябр ҳамчунин матлабе дар робита ба ҳаводис дар марз бо Қирғизистон чоп карда, навиштааст, ки рӯйдодҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар собит намуданд, ки ҷониби кишвари ҳамсояи мо ҳаргиз хостори оромиш ва субот дар минтақа нест, зеро борҳост, ки бандҳои қарордоди оташбас ва суратҷаласаи комиссияи муштаракро вайрон намуда, вазъро ноором месозад.
Ба навиштаи муаллифи матлаб профессор Нуралӣ Нурзод ба такрор вайрон намудани талаботи оташбас ва ҳатто ин бор қабул накардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи қатъи ҷанг гувоҳ бар он аст, ки ҷониби Қирғизистон ҳаргиз хостори бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳаллу фасл намудани масъала нест ва мехоҳад танҳо ва танҳо аз роҳи ҷанг даст ба кор шавад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 19 сентябр мақолаҳое таҳти унвони «Иҷлосияе, ки заминаи сарҷамъиву пешрафтро гузошт», «Таъмини рушди иқтисод ба рушди саноат алоқаманд аст», «Дарвоз дар замони соҳибистиқлолӣ равнақ ёфт» ва «Аҳамияти фармонҳои Президент дар ҳаёти ҳуқуқии кишвар» чоп кардааст.
Дар мақолаи «Таъмини рушди иқтисод ба рушди саноат алоқаманд аст» тамоми паҳлӯҳои бурду бохти соҳаи саноати кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла муаллиф навиштааст: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки бо бунёду мавриди истифода қарор додани корхонаву коргоҳҳои хӯрду бузурги саноатӣ сол то сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуда, ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ тамоюли афзоиш касб кардааст. Масалан, тайи 6 моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22,2 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 миллиард сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш ба 117,6 дарсад баробар мебошад. Маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби 227 корхонаи таъсиррасони соҳа ба маблағи зиёда аз 4 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст…»
“Минбари халқ” – нашрияи ҲХДТ дар шумораи рӯзи 21 сентбяр мақолае зери унвони «Хунбаҳои иғвогарии навбатӣ дар сарҳад» чоп карда, навиштааст, ки иғвогарии навбатии қирғизҳо дар марз бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон дар муҳосираи иттилоотӣ қарор дорад. Зеро дар соатҳои аввали даргириҳои марзӣ расонаҳои ҷаҳон ба хабари манбаъҳои англисӣ-русии қирғизҳо, ки ахбори нодуруст нашр мекарданд, такя карданд. Ба навиштаи муаллифони матлаб дурӯғпароканиҳои ҷониби Қирғизистон дар ҳаводиси охир нишон дод, ки иттилоот дар ҷаҳони муосир силоҳи пурқудраттар аз танку туп ва ҳавопаймоҳҳои ҷангӣ аст.
Дар робита ба ин мавзӯъ муаллиф хулоса кардааст, ки мутаассифона имрӯз таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон ё ифтихори миллӣ надоранд ва ё таҳлилҳояшон муассир нест ва ин ҳақиқати талх аст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 21 сентябр мақолае бо номи “Зери қаноти Чину Русия” савол гузоштааст, ки чаро СҲШ Иттиҳоди Аврупо ё НАТО намешавад? Муаллиф навиштааст, ки дар пасманзари ҳаводиси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон натиҷаҳои нишасти сарони кишвраҳои СҲШ дар Самарқанд аз назари расонаҳо дар канор монд.
Дар ҳоле ки ба навиштаи муаллиф дар доираи ин нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони кишварҳои Эрон, Чин ва Покистон мулоқотҳои дуҷонибаи судманд анҷом доданд. Аз ҷумла баъди мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Чин миёни ду кишвар се санади нави ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат ва роҳсозӣ ба имзо расид.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 22 сентябр дар вокуниш ба суханронии ахири президенти Қирғизистон дар СММ навиштааст, бархилофи иддаои гуфтаҳои Садир Жапаров бо итминон метавон гуфт, ки ҷониби Қирғизистон созишномаҳои дар гузашта имзошударо дар масъалаҳои марзӣ иҷро намекунад ва ё аслан қабул надорад.
Барои мисол метавон аз созишномаи моҳи майи соли 2005 дар мавриди истифодаи қитъаи роҳи 272 метра, созишнома дар бораи сохтмони роҳҳои мошингард дар минтақаҳои баҳсӣ аз соли 2014 ва созишнома аз моҳи апрели соли 2021 ёдовар шуд, ки ҷониби Қирғизистон аз иҷрои бандҳои онҳо комилон даст кашид.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ба муҳимтарин нукоти нишасти матбуотии муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ таваҷҷӯҳ кардааст. Содиқ Имомӣ дар ин нишаст зикр кардааст, ки тайи 12 соли охир 230 ҳолати даргирӣ бо истифодаи силоҳ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст, ки дар аксари маврид ҷониби Тоҷикистон аз посух ба ин ҳамлаҳо ба хотири сулҳу субот худдорӣ кардааст.
Ба гуфтаи муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон тамоми далелҳо собит месозанд, ки ҳамлаи низомиёни Қирғизистон ба минтақаҳои марзии кишвари мо аз қабл тарҳрезӣ шуда буд, аз ҷумла ҳамлаи иттилоотии густарда ҳамзамон бо даргириҳои мусаллаҳона ин гуфтаро собит месозад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”