Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз, 23 сентябр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди кишвар гардид, ки дар маросими қабули онҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзси Шумин иштирок намуданд, омадааст дар хабари сомонаи вазорати тандурустӣ.
Маврид ба зикр аст, ки то ба ҳолати 22 сентябр дар мамлакат 5 миллиону 332 ҳазору 386 нафар, ё 98,6% фоиз бо вояи якум, 5 миллиону 249 ҳазору 429 нафар, ё 97,0% бо вояи дуюм, 5 миллиону 97 ҳазору 888 нафар, ё 94,2% бо вояи сеюм ва 1 миллиону 71 ҳазору 627 нафар, ё 19,8% аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ бар зидди сирояти коронавирус ваксина гирифтаанд.
Имрӯзҳо дар анборҳои муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат захираи кофии вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус мавҷуд мебошанд, ки сокинон ба таври ройгон ва бе ягон мушкилӣ метавонанд бар зидди ин беморӣ ваксина бигиранд.