Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетию дигар намуди ВАО ҳамин шабу рӯз барои аҳолии Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзуи даргириҳои чанд рӯзи пеши марз дида, шояд муҳимтар мавзуъ нест, буда ҳам наметавонад. Дар ин мавзуи ҳассос ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Қирғизистон нафарони касбу кори гуногун фикри худро гуфтанду мегӯянд.
Албатта, ҳар касе алоқадри фаҳму дониши худ. Ин як падидаи маъмулию табиист, аммо муҳим ин аст, ки оё ҳангоми дар ин мавзуъ сухан гуфтан, одитарин шарти баҳсу баррасӣ-масъулиятро эҳсос мекунанд?! Оё дарк мекунанд, ки инсон ба ҳар як ҳарфи гуфтааш ҷавобгар аст?! Маҳфилу маҷлисеро гарм кардан, ҳунар бошад, аммо то ба охир маҳфилоро мондану сари баланду рӯи сурхи худро ҳифз кардан, фаротар аз ҳунару донишмандӣ ва зиракию сиёсатмадорист! Ин ки расонаҳои Қирғизистон ҳамарӯза моро санги маломат мезананду туҳмату таҳвин ва адовату душмании ошкоро мекунанд, як раванди бисёрсолаест. Вале баромади Президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар Иҷлосияи 77-уми СММ нишон дод, ки зиндагӣ одамро бо киҳое сар ба сар намекардаст. Бубинед чӣ гуна як рақиби дур аз донишу сиёсату давлатдорӣ ва бемасъулият дар рӯ ба рӯи мост. Чаро? Хулосаҳо ва ҷавобҳои ин ҷониб:
1. Жапаров Иҷлосияи СММ-ро гумони ҷаласаҳои Жогорку Кенеши Қирғизистон кардааст. Яъне, аз минбари Жогорку Кенеш ҳар нафар рақиби худро бо бешармии тамом, беасосу бедалел сиёҳ карда метавонад. Туҳмату буҳтон дар сиёсату давлатдории Қирғизистон як амри маъмулӣ шудаасту ба ин зуҳурот худашон одат кардаанд. Вале ин ҷо минбари Созмони Милали Муттаҳид аст, дар толор на ёру ошно ва ҳамтоёни маҳбасиат, балки сарони давлату ҳукуматҳои соири мамолики олам нишастаанд! Дурӯғ ин ҷо фурӯғ надораду туҳмату буҳтон шафоат намекунад!
2. Ин суханронӣ (агар чунин гуфтан мумкин бошад, зеро аз аввал то охир ҳарзаю ҳазён аст) дар сатҳи роҳбари як давлат ва он ҳам муроҷиате ба ҷомеаи ҷаҳон бениҳоят суст, парешон ва омиёна, ҳатто бесаводона иншо шудааст. Эҳсос мешавад, ки ин матн бидуни консепсия ва беназардошти меъёрҳои дипломатӣ омода шудааст. Гумони ин ҷониб ғолиб аст, ки онро вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳоди дахлдори дигаре омода накардааст. Зеро пӯшида нест, ки Жапаров дар баробари бетаҷрибагию аз донишу маҳорати давлатдорӣ дур буданаш, дар тасмимгирӣ мустақилият надорад. Бовар дорам, ки ин матн ва ё мавқеъро ин маротиба ҳам бо телефон Ташиев (чеҳраи хеле манфур ва барои мо ошно) дикта кардааст. Чунин таҷрибаи кории ин ду нафарро чанд соли пеш як дипломаташон ошкоро ва бо факту далел гуфта буд, ки албатта, хонандаи закӣ ёд дорад.
3. Вақте матни ин баромади Жапаровро хондам, як манзарае пеши назарам омад. Гумонам, ки гунаҳкоре ба пурсишҳои муфаттиш ҷавоб медиҳад ва бо ҳар роҳу восита исрор ба бегуноҳияш мекунад. Воқеан, чаро Жапаров бедалелу арқом ва ҳануз бепарвандаю муфаттиш худро сафед мекунад? Пеш аз об мӯза мекашад! Зеро шахси гунаҳкор медонад, ки ҳақиқат дер ё зуд рӯи об мебарояд. Худро сафед кардан, асли ҳолатро пинҳон доштан, доду фиғон (истерика) хоси нафарони гунаҳкор аст. Президенти Қирғистон Жапаров, ки дар курсии айбдорӣ нишастаю аз ҳавои маҳбас ҳам нафас кашидааст, аз ин усул кор гирифтан барояш бегона нест.
4. Жапаров ба гунаи дарҳам барҳам аз таърихи пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳо ёдовар шуда, баъзе санадҳоро номбар кардааст. Агар риоя гардидани ин санадҳоро бар уҳдаи як ҳуқуқшиноси мустақил вогузорем, бовар дорам, ки Қирғизистон дар иҷрояшон ба таври шоиста кореро анҷом надодааст! Дар идома бо “камоли ифтихормандӣ” ёдовар шудааст, ки соли 1996 ва солҳои баъдӣ Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ бо Россия, Қазоқистон ва Хитой муваффақ гардида буд. Вале ин “ҷалолатмаоб”, ки он солҳо шояд дар бозори Бишкек равғани растанӣ мефурӯхт, намедонад, ки масоили марзӣ он замон дар доираи Паймони ҳамкории Шанхай, имрӯза Созмони ҳамкории Шанхай, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муассисонаш ҳастанд, ҳал гардида буд! Шояд ба маълумоти Жапаров бори дигар расонем, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон давоми 12 соли ахир дар марз бо Қирғизистон 290 даргирии мусаллаҳона рух додасаат. Албатта, дар ин бора санадҳо мавҷуданд ва мақомоту ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар мавриди зарурат пешниҳод хоҳанд кард. Аммо боварии комил дорем, ки мисли даргириҳои чанд рӯзи пеш дар гузашта низ сабабгор марзбонони қирғизанд. Ба чӣ далел? Ҳамин гуна даргириҳои мусаллаҳона на танҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар марзи Қирғизистону дигар ҳамсоядавлатҳо мунтазам рух медиҳад ва тибқи маълумоти манбаъҳо бо гуноҳи ҷониби Қирғизистон. Дар хулқу атвори ин ҳамсояи мо муросокорию ҳамсоядорӣ нест ва дигар ҳамсояҳо низ инро медонанд.
5. Албатта, саволи матраҳ ин аст, ки чаро давоми беш аз 30 сол масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли ниҳоӣ намеёбад? Ин ҷониб як ҷавоб дорад: Бинобар дар Қирғизистон ташаккул наёфтани институтҳои давлатдорӣ, сол ба дуваздаҳ моҳ ноорому ноустувор будани вазъи сиёсию иҷтимоии ин кишвар, тез-тез иваз шудани кабинаи ҳукумат ва роҳбарияти давлат. Шояд дар 30 сол 30 кабинаи ҳукумату аъзои парламенаташон иваз шуда бошаду агар хато накунам ба ғайр аз Аскар Акаеву Жеенбеков дигар президентҳои ин кишвар ё аз маҳбас ба мақоми перезидентӣ расидаанд ва ё баракс-аз курсии президентӣ паси панҷара рафтаанд. Магар имкон ҳаст, ки бо чунин давлат ба созиш расида тавонӣ? Ба назари ин ҷониб не. Зеро то як гурӯҳ меояду ба маҷро медарояд, ки боз дигараш меояд. Агар бо гурӯҳи қаблӣ созише, маслиҳату мувофиқае дошта бошӣ, гурӯҳи нав ба инобат намегираду шарту шароитҳои худро мегузорад. Ниҳоят, воқеоти чанд рӯзи охир собит кард, ки аҳдшиканӣ барои ҷониби Қирғизистон як одати муқаррарӣ аст.
6. Тавре гуфтем, Садир Жапаров бо тасаввури он, ки на дар Иҷлосияи СММ, балки дар ҷаласаи Жогорку Кенеши Қирғизистон баромад дорад, дар ҳодисоти марзии охир бе ягон далел Тоҷикистонро айбдор кард. Ин чӣ маъно дорад? Ба фикрам, ин оқо гумонаш як мегӯию ҳаводоронат чапак мезанд ва тамом. Не! Модоме, ин масъаларо то минбари СММ кашонид, Тоҷикистон ҳам метавонад дар ҳамин сатҳ кор барад. Албатта, мақомоти ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон собит хоҳанд кард, ки даргириҳо аз ҷониби кӣ оғоз шуд ва мантиқан аз сатҳи СММ ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон расонида хоҳад шуд.
7. Ба худ меандешем, ки чаро ҳукуматдорони қирғиз чунин саҳнасозию душмантарошӣ мекунанд? Тавре таҳлилгарон ҳам аз Тоҷикистону ҳам аз Қирғизистон гуфтанду дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо аксарамон хондем, Жапарову Ташиев ва гурӯҳи муташаккилашон дар умури давлатдорӣ ба буҳрон рӯ ба рӯянд. Фурсате наздик аст, ки ба аҳолӣ ҳисобот диҳанд, ки баъди аз маҳбас раҳо ёфта, ба мақом расидан, чӣ кор карданд. Ин “абармардони арсаи сиёсат” роҳи осони қаҳрамону сарвару пуштибон буданро дар дасисабозӣ диданд. Ба пиндорашон бо ҳамин роҳ то имрӯз коре накарданашонро рӯйпӯш мекунанд. Тарс аз он доранд, ки агар бо ҳамин роҳ халқро ба иштибоҳ набаранд, боз майдону гирдиҳамоию бозгашт ба паси панҷара! Фаромӯш кардаанд, ки халқро, Худоро, зиндагиро фиреб кардан намешавад. Агар ин серо фиреб кардан хоҳӣ, пас худ фирефтаи хаёлоти хоми худ ҳастӣ!
8. Ниҳоят, чӣ гуфтан мехоҳам? Албатта, ҳамаи ин барои ҳар яки мо нохушоянд аст. Ба иззати нафс ва торҳои нозуки асаб мерасад. Вале фикр мекунам, ки ҷои хавотирӣ ва ноумедию парешонфикрӣ нест. Мо таърихи чандҳазорсолаи давлатдорӣ дорем. Дар сарзамини аҷдодони худ ба сар мебарем. Пояҳои давлатамон устувор асту дар арсаи байналмилалӣ эътибор дорем. Муҳимтар аз ҳама дар ин гиру дор ҳақ ба ҷониби мост! Ниҳоят, омили аслӣ ва неруи мо дар иттиҳоду ҳамбастагӣ аст. Давлату халқи Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сангинтарин мушкилоту имтиҳонҳои зиндагию давлатдориро бо сари баланд гузаштаанд! Ин бор ҳам чунин мешавад! Мо давлат ва халқи тавоноем!
Комрон САФАРОВ
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон