Дар Пенсилванияи Амрико Истиқлоли Тоҷикистон таҷлил шуд

Ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Фиаделфиаи штати Пенсилвания чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон дар ШМА, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок доштанд.

Дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА хабар дода, менависад, ки чорабинии мазур бо суруди милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур Консули Сафорат Латифзода Навруз, инчунин фаъолони ҷамъиятҳои тоҷиконии ШМА Мукаррама Қаюмова, Салимджон Насриддинов ва дигарон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.

Зимни суханронӣ аз дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият ва саҳми назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, дарки Истиқлолияти давлатӣ ва эҳтироми он таъкид намуданд.

Чорабинии мазкур дар фазои дӯстона ва самимӣ баргузор гардид.