Намоиши асарҳои Олим Камолзода, духтараш Бону Камолзода ва шогирдони ӯ таҳти унвони «Пайравони Камолиддин Беҳзод» дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ширкати меҳмонону дӯстдоронаш идома дорад.
Минётура ё минётурнигорӣ аз навъи санъатҳои деринаву пешинаи миллати тоҷик дониставу пазируфта шуда, аз қарни 15, яъне аҳди Камолиддин Беҳзода то бад-ин замон бо бархӯрдҳои шикасту рехт боқӣ мондааст.
Ҳоло дар кишварамон як хонавода, Олим Камолзода, ҳамсараш Сарвиноз Ҳоҷиева ва фарзандашон Бону Камолзод талош доранд, то ин санъати қадимаву волои ҷаҳониро умри абадӣ бубахшанд.
Маъмулан минётурнигорӣ дар кишварҳои Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Узбекистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар атрофу акнофи гетӣ арзи ҳастӣ ва рӯ ба рушд дорад.