Дар маҷлисгоҳи “Ганчина”-и ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ДМТ ҷаласаи ифтитоҳ гардидани радиои ДМТ, дар заминаи Студияи таълимии факултети журналистика, баргузор гардид.
Ин радио дар мавҷи FM 90,5 пахш шуда, “Садои Донишгоҳи миллӣ” номгузорӣ гардидааст.
Дар ҷаласаи мазкур Қобилчон Хушвахтзода, ректори ДМТ, Субҳиддин Шамсиддинзода, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону шогирдони факултети журналистика ва намояндагони ниҳодҳои гуногун ширкат варзиданд.
Дар суханронии ифтитоҳии хеш Қобилҷон Хушвахтзода, ректори ДМТ иброз дошт, ки ин руйдод ба 31-уми солгарди Истиқлоли давлатии кишвар бахшида шуда, тӯҳфаи арзишманд ба шогирдони факултети журналистика аст. Ба таъкиди Хушвахтзода таъсиси радиои мазкур саҳифаи наве барои таҳкими низоми таълим дар факултети журналистика буда, имкон медиҳад муҳассилин ҳамзамон бо донишҳои назариявӣ таҷрибаи амалии худро тақвият бахшанд, аз сӯйи дигар навгониҳои ДМТ бевоситаи дар фазои иттилоотӣ аз ин тариқ пахш шавад.
Ҳамчунин Субхиддин Шамсиддинзода, муовини аввали раиси Кумита телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон иброз дошт, ки ин рўйдоди таърихӣ дар натиҷаи амалисозии сиёсати созандаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Маълум аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боргоҳи асосии омодасозии кадрҳои журналистӣ буда, торафт дар ин самт кору иқдомҳои созандаву ояндасозро амалӣ мегардонад.
Субҳиддин Шамсиддинзода дар идома таъкид намуд, ки “имрўз моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ сифати омодасозии кадрҳои журналистиро боло бурда, онро ҳамқадами замон гардонем. Дар ҷудо кардани мавҷи алоҳида, ҷиҳозонидани Студияи мазкур ва ба фаъолият оғоз намудани он нақши Кумитаи телевизион ва радио назаррас аст”.
Ёдовар мешавем, ки Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Телерадиоком” бо супориши раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио ва бо мақсади тақвияти базаи моддӣ-техникии Студияи таълимии факултети журналистикаи ДМТ ба маблағи зиёда аз 140 000 сомонӣ таҷҳизоти наву ҳозиразамон харидорӣ намуданд. Ин иқдом заминаи таъсиси радиои ДМТ-ро фароҳам овард. Ҳоло ин радио бо мавҷпаҳкунандаи (пердатчик) 40-вата таъмин буда, руйи маҷви 90,5 fm тақрибан дар тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе шунидани он имконпазир аст.
Факултети журналистикаи ДМТ дар ҷумҳурӣ ягона факултети рӯзноманигорӣ мебошад. Ин факултет бо мақсади таҳкими донишу маҳорати касбии донишҷӯён бо Кумитаи телевизион ва радио шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Студияи таълимии ин факултет бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, барои рушди малакаҳои амалии донишҷӯён дар бахши телевизион ва радио пешбинӣ шудааст. Бо таъсиси радио дар заминаи ин студия дар таъиноти fm имкони таҷрибаомӯзии донишҷӯёни бахшҳои журналистӣ дар худи ДМТ бештар гардид.