Аз 8-ум то 11-уми сентябр дар шаҳри Кракови Лаҳистон Чемпионати Ҷаҳон миёни собиқадорони гуштини тарзи ҷудо баргузор гардид. Дар мусобиқа 837-варзишгар (743-мард ва 94-зан) аз 60-кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10-варзишгар миёни мардон намояндагӣ карданд: Қутбиддин Баҳодуров (-60кг), Абдулфайз Солеҳов (-73кг), Соҳибназар Ҳақназаров (-73кг), Ҷонибек Маҳмудзода (-81кг), Шоҳҳусейн Раҳимов (-81кг), Валӣ Султонзода (-90кг), Оятулло Қамарӣ (-90кг), Фаридун Устопиров (-100кг), Собир Шарифов (-100кг) ва Неъматулло Арсолқулов (+100кг).
Аз миёни иштирокчиён ба ду варзишгари тоҷик Оятулло Қамарӣ ва Неъматулло Арсонқулов муяссар гардид, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон медали биринҷӣ ба даст биёранд.
Оятулло Қамарӣ дар вазни -90кг миёни варзишгарони синну соли худ сабқатро аз даври 1/4 финал оғоз карда, аз намояндаи Озарбойҷон Мурод Раҷаблӣ мағлуб шуд. Сипас ӯ дар даври тасаллобахш бар варзишгари Словакия Эрнест Матус ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Испания Ҷуан Антонио Тортелла Барбас пирӯз гардид.
Неъматулло Асронқулов низ дар вазни +100кг дар даври 1/4 ниҳоӣ аз варзишгари Гурҷистон Звиад Тсиклаурӣ ноком гардида, дар даври тасаллобахш бар намояндаи Озарбойҷон Айаз Умудалиев ва дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Полша Томас Биз ғалаба кард.
Ҳамчунин Қутбиддин Баҳодуров (-60кг) ҷои панҷум ва Шоҳҳусейн Раҳимов (-81кг), Фаридун Устопиров (-100кг) ҷойи ҳафтумро сазовор шуданд.
Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон миёни 60-кишвари иштирокчӣ бо 2-медали биринҷӣ, як ҷои панҷум ва ду ҷои ҳафтум дар ҷои 41-ум қарор гирифт.