АМИТ «Ховар» дар инстинод ба маълумоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар додааст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дуюмин ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо аз 189 курсии эконом иборат буда, ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум гузошта шудааст. Қабалн Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 30 августи соли равон як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуда буд, ки он номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро гирифт.
Гуфта мешавад, ҳарду ҳавопаймоҳо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ — ACG (Aviation Capital Group) гирифта шудаанд. Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад — ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.
Иҷрокунандаи вазифаи Директори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои дастрасшуда ба тавсеаи шабакаи парвозҳо — зиёд гардидани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, ҳамчунин беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо мусоидат менамоянд.