Ҷудочиёни собиқадори Тоҷикистон дар Чемпионати Ҷаҳон иштирок менамоянд

Аз 8-ум то 11-уми сентябр дар шаҳри Кракови кишвари Лаҳистон Чемпионати Ҷаҳон миёни собиқадорони гуштини тарзи ҷудо (Krakow World Championships Veterans 2022) баргузор мешавад.

Рақобатҳо аз рӯи 14-вазн (7-вазн миёни мардон ва 7-вазн миёни занон) дар умум 892-варзишгар аз 59-кишвари ҷаҳон доир мегардад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10-варзишгар намояндагӣ мекунад:
-60кг – M5 | Қутбиддин Баҳодуров
-73кг – M4 | Соҳибназар Ҳақназаров
-73кг – M3 | Абдулфайз Солиҳов
-81кг – M3| Ҷонибек Маҳмудзода
-81кг – M1 | Шоҳҳусейн Раҳимов
-90кг – M2 | Валӣ Султонзода
-90кг – M1 | Оятуллои Қамарӣ
-100кг – M3 | Фаридун Устопиров
-100кг – M1 | Собир Шарифов
+100кг – M3 | Неъматулло Асронқулов