Истиқлол – айёми сарбаландиҳо

Дар паҳнои азими ҷаҳони муосир то имрўз даҳҳо миллату кишварҳое мавҷуданд, ки таи садсолаҳо инҷониб баҳри ба даст овардани истиқлоли воқеӣ ва соҳиб гардидан ба арзу буми сарзаминашон азият мекашанд. Дарвоқеъ, комёб шудани мардум ба зиндагии одилона, соҳиб гардидани онҳо ба забону фарҳанг ва сангу хоки азизи сарзамини хеш падидаест хеле гуворо, вале мутаассифона, на ба ҳама дастрас.

Хушбахтона,  офаридгор ва табиат ба миллати мо баҳрабардориро аз ин неъмати асосӣ ва аз ин давлати накўномӣ пас аз садсолаҳои орзуву умедҳо ва ниятҳои дар дили ҳазорон фарзандонаш барбодрафта сазовор донист.

Халқи тоҷик аз қадимулайём дар бари кўҳсори баланд маскан гирифта, аз қуллаҳои он баландӣ омўхт ва аз софии оби чашмасорони бешумор покизагӣ андўхт. Зиёда аз ду ҳазор сол инҷониб  аҷдодони мо дар майдони фаррохи фарҳанг ва тамаддуни олам соҳиби эъҷоз буданд ва фазои маънавии Хуросону Мовароуннаҳрро бо падидаҳои нозуктарин ба мисли «Авесто»-ву «Шоҳнома», «Шашмақом»-у фалаксароӣ ва гуруғлихонӣ оро медоданд.

Вале ҳайҳот, ин мардуми сарбаланду соҳибғурур дар ҳар хамгашти вақоеи рўзгор дучори ҳамлаву зиддият, бухлу кина ва таҳдиду хатар қарор мегирифтанд. Давлатдории Сомониён – давлати мутамарказонидашудаи тоҷикон ва шаҳомати оламшумули он фавран ба таъқиби бадхоҳон ва масканталабони гурусначашм гирифтор шуд ва оқибат таназзул кард. Давлати бузург сарнагун гашт, вале пояи хираду маърифат побарҷо монд ва минбаъд низ  тоҷикон, ки воқеан соҳиби забони адабӣ ва шеъри волои Рўдакӣ шуда буданд, кулли падидаҳои маънавии башарро аз бар намуда, вориди зеҳни тез ва фаҳму идроки хеш сохтанд.

Орзуи давлатдорӣ, ҳифзи нангу номуси миллӣ, суннатҳои устувори аз сина ба сина интиқол намудани хиради аҷдодӣ ва нияти олии рўзе расидан ба Истиқлол – ҳамин буд мундариҷаи асосии фарҳанги мо таи ҳазор соли охир. Аз ин сабаб, агар ҳар касе имрўз дар хаёли он бошад, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гўё тўҳфаи ногаҳонии тақдир аст, комилан иштибоҳ мекунад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳар як рукни Истиқлоли имрўзаи мо – фарҳанг, ватандорӣ, ҳифзи марзу бум, заҳматпеша будан – ин натиҷаи ҳамон муҳаббатхоҳии миллатамон ба шумор меравад, ки дарвоқеъ таҷассумгари сифати асосии фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, ки ҳанўз дар саргаҳи бунёди фарҳанги навини мо нидои Рўдакии бузург қарор гирифта буд, ки  дидори дўстонро ҳамчун беҳтарин шодии ҷаҳон пазируфт:

                        Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

                        Бартар аз дидори рўи дўстон.

 Андаке баъд Аллома Бўалии Сино масоҳати фарогири тафаккури инсонро дар як лаҳзаи таърих то ба Авҷи Зуҳал боло баровард ва гўё ба миллати бузургаш оид ба расидан ба  баландиҳо ва канораҷўӣ аз пастиҳо ҳидояте карду рафт:

                        Аз қаъри гили сияҳ то Авҷи Зуҳал,

                        Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал…

Ва минбаъд низ тоҷикон доим дар баландӣ қарор мегирифтанд – дар баландии номус, дар баландии макон ва виҷдону хирад.

Ҳамин парастиши дўсти қобил, ҳамин нияту ҳаракати ҳамзистии осоиштаи насли одамро дар пайравии Рўдакӣ устод Мирзо Турсунзода идома доданд:

                        Дўстиро ҷустуҷў дорем мо,

                        Аз амонӣ гуфтугў дорем мо…

                        Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт,

                        Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт…

Васфи баландиҳо ва рамзҳои он ҳама ҷо дар ашъори Турсунзода  мақоми хоса дорад:

                        Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,

                        Дар баландиҳои кўҳи сарбаланди мо гузор.

Оре, мо имрўз ба ҳамон баландии орзунамудаи аҷдодони қадими хеш расидем. Аҳли олам кунун ба хубӣ мушоҳида намуданд, ки чӣ гуна миллати тоҷик дар солҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ садҳо монеаҳои ба рўзгори мо таҳмилгардидаро сарбаландона убур намуд ва зимнан, ҳар қадаре ки пасттинатон мехостанд мардуми моро сўи сифла кашанд, бар хилофи он ҳамон қадар қомати номуси миллат болотар мегардид.

Мардуми сарбаланди тоҷикро дар оғози марҳилаи нави таърихӣ – ин лаҳзаи ҳассос ва тақдирсоз сарваре лозим буд, ки худ сарбаланд бошад ва қадри сарбаландиҳои миллатро бидонад. Сарвари олии Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон, ки офаридгор ўро қомати баланд ва сари баланд ато намудааст, аз рўзи нахустини ба қудрат омаданаш оид ба сарзамини хеш баргардонидани ҳазорон  муҳоҷирони иҷборӣ қасам ёд намуд ва ба иҷрои ин нияти накўяш ноил гардид.

 Шукр бояд намуд, ки танҳо бо ҳамин васила ҷомеаи мо аз парешонӣ раҳоӣ ёфт ва сарҷамъии мардуми муддате парешон гашта омили асосии рушди алоқаҳои нави иҷтимоӣ гардид.

Марҳилаи дигари бунёди Истиқлоли Тоҷикистон – ин ба эътидол расонидани вазъи ҷомеаи ихтилофрасида буд ва дар ин маврид низ сарвари давлат ба сарбаландӣ сазовор шуд. Имрўз сиёсатшиносон бояд ошкоро таҳқиқ намоянд, ки дар оғози солҳои 90-ум бо сад баҳона парешон намудани мардуми тоҷик чӣ кирдоре ва чӣ мақсади вайронкоронае буд. Чӣ қадар абарқудратоне аз чапу рост ба оромии кишвари тоҷик зарбаҳо заданд, чӣ найрангу дасисаҳоеро бар сари мо ҳамл карданд…

Ҳидоят ва заҳмати Сарвари нави давлати Тоҷикистон, эҳсоси покизаи дили муҳаббатхоҳи мардуми тоҷик ва устувориву матонати ҷомеа дар натиҷа муҷиби ба ҳам омадани миллат гардиданд.

Дар ин иқдом низ воситаи асосии ба мақсад расидан – ин фарҳанги бузурги инсондўстӣ ва оламшиносии тоҷикон ба шумор меравад. Кӣ медонад, шояд маҳз маънии қиссаи ҷонсўзи синаи фарзанди хешро шикоф намудани Рустами достон, ё худ бо дасти нохалафи душманон нобино гардидани шоир Рўдакӣ, оворагиҳои пурдавоми Камоли Хуҷандӣ, сарбурида шудани Ҳилолӣ ё худ аз пўст ҷудо шудани Насимӣ ва садҳо дигар қиссаҳои пурдаҳшату ибратангез буданд, ки бо рамзҳои шиносашон замири мардуми моро аз майл намудан ба ҳаракатҳои тахрибкорӣ ҳифз намуданд.

Итминони комил аст, агар бигўем, ки дар ҳақиқат шиори нахустини замони Истиқлолро Президент Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҳамин сарчашмаи некўи хирад иқтибос оварда эълон намуд, ки «фарҳанг – ҳастии миллат аст». Маҳз фарҳангӣ будани мардуми тоҷик кишварро аз офати ихтилофҳои пай дар пай эмин дошт. Чӣ ҷои тааҷҷуб, имрўз ҳамагон дақиқан пай бурданд, ки бозиҳои ба ном «демократиясозӣ», кўшишҳои ҳамарўзаи қувваҳои беруна ба хотири вайрон кардани афкори ҷомеа, махсусан ҷавонон, дар кишварҳои ҳамҷавори мо ба чӣ оқибатҳои нохуш оварда расонданд.

Ҳастии мардум дар фарҳанг қарор дорад, яъне метавон умед баст, ки минбаъд низ омилҳои фарҳангӣ воситаи асосии рушди ҷомеаи мо мегарданд. Бидуни шубҳа, ҳар як сангу ҳар як  хишти бинои Истиқлоли давлати навини тоҷикон аз замини падидаҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ – маҳсули эъҷози аҷдодони соҳибхиради мо бунёд гардидаст.

Имрўз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд хеле амиқ ва фаррох андеша биронад, ки ҳазор соли зулму истисмори бегонагон, гуруснагиву оворагии аҷдодон, бедавлативу бехонагӣ чӣ рўзгоре буд ва инак ҳамагӣ 31 соли Истиқлол ба  мо чӣ дод.  

Ин бор бояд тахайюлоти холӣ не, балки хулосаи зарурӣ бояд бурун овард, зеро бидуни дарки ана ҳамин фарқият ва ҳамин воқеият ҳар лаҳза моро оташи ихтилоф ва иғво фаро гирифта метавонад.

Имрўзҳо баъзан нафароне дучор мешаванд, ки бо ҳар гуна баҳонаҷўиву назари бад ба шарҳи камбудиву норасоиҳои мавҷуда машғуланд. Ин намуд нигилизм ва  тангчашмӣ дар таърихи башар ҳамеша вуҷуд дошт ва дар ҳама замон ба амалҳои ин навъ «мунаққидон» аҳли башар баҳои сазовор медоданд. Вале бадбахтона, маҳз аз миёни ҳамин тоифа «ҳамадонҳо» душманони хориҷии мо хизматгорони хешро пайдо мекунанд ва ба ивази музди ночизу ҳаром онҳоро барои бадгўиву риёкорӣ сафарбар месозанд. Вақте мебинӣ, ки як нафар ба ном ҳунарпеша ё худ шоиртарош аз даҳонаш кафк бароварда тамоми буду набуди рўзгори ҷомеаи кунуниро наҳ мезанад, дарҳол бояд дақиқан мулоҳиза намуд: ин шайтон бо супориши кӣ ва ба ивази чанд танга ин қадар Ватани худ ва мардуми худро паст мезада бошад? Магар рўзе намерасад, ки ҳаққи намаки мардум кўраш кунад?

Тоифаи дигаре, ки зарарашон ба ҷараёни рушди солими ҷомеа на камтар аз «ҳамадонҳо»-и дар боло зикр гардида, балки ба маротиб зиёдтар аз онҳо аст, ин тоифаи бетарафону бепарвофалакон ба шумор меравад. Ин фирқаи машҳури бесаводон низ асрҳои аср дар кўчаву бозорҳо наззора карда мегаштанд.

Дар ин маврид набояд фаромўш кард, ки мафҳуми Истиқлоли давлатӣ ҳамеша болотар аз ҳама гуна гилаву ҷингила, даъвову ғавғо ва нозу карашмаи сиёсатҷўёна қарор мегирад. Истиқлол меваест, ки шаҳди он насиби ҳар як шаҳрванд мешавад ва ҳар як тану ақли солим қатъи назар аз имону виҷдон ва мазҳабу маснадаш бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Дар ҷилои танҳо як шарари замони нав ба паҳнои ҷаҳони пурталотум ворид гардидани давлати тозабунёди тоҷик кори осон набуд. Устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд, ки «Халқи олам дўст бо мо гаштааст», вале дар аввали солҳои истиқлолият маълум гардид, ки на ҳама  қудратҳои ҷаҳон солимии кишвари Тоҷикистонро хайрхоҳӣ менамоянд. З-ин сабаб, Президенти мамлакат борҳо дар баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки ҷараёни пурталотуми ҷаҳонишавӣ имрўз ба мамолики навбунёд, махсусан ба кишвари мо таъсири дуҷониба – ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Яъне дар вазъияти риояи сиёсати дарҳои кушод ҳифз намудани асолати фарҳанги миллӣ, рушди сатҳи худшиносии мардум кори басо душвор мебошад.

Аз ин рў, мо бояд ифтихор аз он созем, ки дар муддати хеле кўтоҳи  давраи истиқлол Сарвари давлати мо тавонист мардумашро то ҳадди имкон зудтар ва амиқтар аз бузургтарин падидаҳои меросӣ, аз беҳтарин намунаҳои бои маънавияти миллӣ огоҳ намояд. Вақте ба сўи мероси гаронбаҳои мо – мусиқии “Шашмақом” чашмони баъзе доираҳои «фарҳангдўсти» олам ало гардиданд, Президенти Тоҷикистон дарҳол фармони таърихиро оиди рушди ин санъати асил ба тасвиб расонид. Ҳамин буд, ки пас аз чанде ташкилоти ЮНЕСКО бо Қарори махсуси худ  «Шашмақом»-и тоҷиконро ба номгўи бузургтарин падидаҳои мероси маънавии олам ворид намуд. Дар моҳи декабри соли 2021 «Фалак» ҳам ворид шуд.  Ҳамчунин 13  декабри соли 2021 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО “Фалак” ҳам ба ҳайси мероси ғайримоддии башарият пазируфта шуд.

Дар Тоҷикистон дар замони Истиқлол эҳёи воқеии фарҳанги миллӣ оғоз гардид. Дар як муддати кутоҳ бинои мўҳташами Китобхонаи миллӣ бунёд гардид, ки он бидуни муболиға ба маркази бузургтарини донишандўзӣ табдил ёфт. Ин хазинаи бузурги маърифат аз рўи нишондодҳои тахассусӣ (фонди 13 миллионаи китоб, шароити беҳтарин барои ҳифзи осор, технологияи ҳозиразамони хизматрасонӣ ва ғ.) яке аз беҳтарин китобхонаҳои олам ба шумор меравад. Бешубҳа, ин дастовардҳои фарҳангӣ қабл аз ҳама маҳсули сиёсати хирадмандона ва нуктасанҷонаи сарвари давлатамон ба шумор меравад.

Дар тўфони пурмоҷарои сиёсати ҷаҳонӣ Сарвари давлат киштии миллатро сўи манзилгаҳи мақсуд далеронаву соҳибхирадона равон сохтанд ва ҳамин буд, ки суханони дигари устод Турсунзода барҳақ баромаданд, яъне ҷаҳон донист, ки «бе зулму асорат мо ҷаҳон дорем»!

Китоби Истиқлолро бояд саҳифаҳои тозае менавишт, аз боби фарҳанг, сиёсат, мулкдорӣ ва тиҷорат. Роҳе бояд пайдо менамуд, ки роҳи Рост бошад ва адлу инсофро ба мардум дастрас намояд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ин роҳи Ростро устуворона пайдо намуданд ва барои ба мақсад расонидани мардум, таъмини ояндаи осоиштаи миллат сараввал маҳз  сиёсати раҳкушоиро пеша намуданд.

Биёед, ёдовар мешавем, ки дар замири мардуми пурнангу номуси мо эҳсос ва истиқболи якдилонаи ин нидо аз куҷо сарчашма мегирад? Шояд аз байтҳои безаволи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки панҷсад сол пеш гуфта буданд:

                           Ба фарқи сар ниҳода сад шутур бор,

                           Зи Машриқ ҷониби Мағриб давидан,

                           Басо бар Ҷомӣ осонтар намояд,

                           Зи бори миннати дунон кашидан

Зиҳӣ, номуси тоҷикони сарбаланд, зиҳӣ эҳсоси садоқат ба Ватан! Тоҷикон ба аҳли ҷаҳон нишон доданд, ки воқеан ворисони Рўдакиву Ҷомӣ ҳастанд, баландиро меписанданд ва дар лаҳзаи зарурии таърих мисли қуллаҳои сар ба фалаки кўҳсори кишвар китф ба китфи ҳамдигар қарор мегиранду ба рағми бодҳои сарду ифлос сипар мешаванд.

Яке аз дастовардҳои назарраси фарҳангии мо дар ҳоли имрўз ин бешубҳа бозгашти афкори ҷомеа аз зоҳирпарастӣ ба сўи сиратшиносӣ, ошноӣ бо олами ботинии инсон, таҳқиқи муаммои ҳастӣ ба шумор меравад. Масалан, таҷлили 1150-солагии устод Рўдакӣ на танҳо тантанаи бузурги фарҳанги муосири тоҷик буд, балки оғози ҷараёни шинохти тозаи шеъри Рўдакӣ ва дарки маъниҳои амиқи каломи паямбаронаи ў ба шумор меравад. Дурӣ аз нафспарастӣ, кўмаки мардона ва беғаразу беминнат ба мўҳтоҷон, нест намудани ғурур ва беандешагӣ – ҳамаи ин арзишҳо кунун комилан дар дилу дидаи мардум маъво мегиранд.

Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аз қадим саҳм ва нақши аҷдодони мо назаррас буд. Имрўз барои аҳли ҷаҳон хеле муҳим ва ҳайратангез аст, ки дар харитаи нави олам, дар майдони фарҳангии собиқ империяи коммунистӣ давлате арзи ҳастӣ намудааст, ки даъвои ҳаққонии соҳиб шудан ба арзишҳои  қадим ва хеле бузурги маънавияти башариро дорад.

 Айёми Истиқлол қомати баланди миллати тоҷикро аз нав ба манзари аҳли олам аён гардонид ва зимни ин, ошёни баланди тоҷикон дарҳои хешро ба рўи тамоми аҳли олам боз намуд. Дар таи ҳамагӣ се даҳсола мамлакати мо, давлати мо тавонист ба ҷаҳониён арзи ҳастӣ намояд, соҳиби сарзамини қадим, фарҳанги нодир, шеъри оламшумули дарӣ, мусиқии бузурги Шашмақом буданашро собит намояд.

Қариб ним аср қабл аз рўзгори мо устод Мирзо Турсунзода пешгўӣ намуда буданд:                      

                                    Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,

                                    Ростиву дўстиро оқибат дарёб кард…

Ин суханони ба тақдири кунунии қитъаи Осиё бахшидаи шоири шаҳир ва Қаҳрамони Тоҷикистон қабл аз ҳама ва бечунучаро маҳз ба Тоҷикистон пайвандӣ дорад. Имрўз халқи мо, миллати куҳанбунёди мо баҳри мустаҳкам намудани ҷисму ҷони кишвараш аз нав бедор шудааст. Дар пеши раҳи мо ҳар чӣ монеа ҳаст – убур мешавад, ҳар душворие ҳаст – паси сар мегардад ва ҳар муаммои сарбастае ҳаст- ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Хиради таърихӣ, ғайрату матонати мардум, раҳнамоии Пешвои муаззами миллат – ҳамин аст кафолати  Истиқлол.

Аслиддин Низомӣ

доктори илмҳои санъатшиносӣ