Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар Гулистон ҷамъомади 12-рӯзаи таълимию тамриниро шуруъ намуд.
Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 15-сентябр идома меёбад, сармураббии тими футзали кишвар Пайрав Воҳидов 14-бозигар, 2-дарвозабон ва 12-футзалбозро даъват кардааст.
Мунтахаби Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон ба Дубай сафар карда, ҷамъомади ниҳоии тамриниро қабл аз Ҷоми Осиё-2022 дар Қувайт баргузор мекунад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-сентябр то 8-октябр дар Қувайт баргузор мешавад, мунтахаби кишвар дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Баҳрайн (27-сентябр), Ӯзбекистон (29-сентябр) ва Туркманистон (1-октябр) бозӣ мекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов (ҳарду – “Истиқлол”);
Бозигарон: Рустам Ҳамидов (“Истиқлол”), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарифов, Дилшод Саломов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев (ҳама аз “Соро компания”), Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гуляков, Умед Кузиев (ҳама аз “Сипар”), Баҳодур Хоҷаев (“Истаравшан”).
Ҳайати мураббиён ва маъмурон: Азизҷон Достиев – мудири даста, Пайрав Воҳидов – сармураббӣ, Шамшод Ниятбеков – ёвари сармураббӣ, Акбар Абдуллаев – мураббӣ-таҳлилгар, Муродулло Алиқулов – мураббии дарвозабонҳо, Элчибек Элчибеков – маъмур, Анвар Ҷалилов – табиб, Ҳабибулло Доров – маҳсгар.