Чемпионати Ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор соли 2023 баргузор намешавад

Созмони “Варзиши сабуки ҷаҳонӣ” (World Athletics) дар бораи баргузор нагардидани Чемпионати ҷаҳон дар толор, ки бояд дар Нанҷинг баргузор мешуд, қарор қабул кард. Мусобиқа дубора бо сабаби “COVID-19”, ба вақти дигар ба таъхир гузошта шуд.

Мусобиқа мебоист, ки аз 17-ум то 19-уми марти соли 2023 баргузор мегардид, лекин бо қарори Шӯрои Варзиши сабуки ҷаҳонӣ ба соли 2025 гузошта шуд.

Кумитаи тадорукоти “Нанҷинг-2023” ва Ассотсиатсияи варзиши сабуки Чин низ ба ин тасмим розӣ шуданд.

Нанҷинги Чин мебоист соли 2020 мизбони ин мусобиқа мешуд, лекин бо сабаби пандемия нахуст ба моҳи марти соли 2021 ва сипас ба моҳи марти соли 2023 ба мавқуф гузошта шуд.

Шаҳри Глазгои Шотландия чемпионати навбатии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толорро 1-ум 3-юми марти соли 2024 мизбонӣ мекунад. Мусобиқа соли 2025 дар Нанҷинг баргузор мешавад. Дархост барои чорабинӣ дар соли 2026 бошад то ҳол идома дорад.

Президенти Варзиши сабуки ҷаҳонӣ – Себастия Коу дар мавриди баргузор нагардидани мусобиқа дар соли 2023 чунин гуфт: “Мутаассифона, мо маҷбур шудем, ин чорабиниро ба далели вазъияте, ки ба мо вобаста нест, дубора мавқуф гузорем, аммо мо ин корро кардем, то ба варзишгарон ва федератсияҳо, ки ба мавсими соли 2023 омодагӣ мегиранд, итминон диҳем”!

Ин аввалин мусобиқа дар Ҷумҳурии Мардумии Чин нест, ки бо далели пандемия баргузор намешавад. Бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022 дар як системаи идоракунии пӯшида баргузор гардид. Чанде қабл Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу ба муҳлати як сол ба мавқуф гузошта шуд. Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 дар аввал ба соли 2021 ва баъдан ба вақти номаълум ба таъхир афтод. Бозиҳои Осиёии наврасон дар Шантоу-2021 барҳам дода шуда, Ҷоми Осиё оид ба футбол-2023, ки дар Чин ба нақша гирифта шуда буд, макони баргузоршавиаш ба дигар кишвар гузаронида шуд, лекин Конфедератсияи футболи Осиё моҳи октябр кишвари мизбонро муайян месозад.