Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар таҷлили “Рӯзи дониш”, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок ва суханронӣ намуда ба соли нави хониш оғоз бахшиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бинои марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур бо талаботи рӯз ва меъёрҳои байналмилаӣ сохта шудааст. Бинои марказӣ аз 10 ошёна ва 2 бинои 4 ошёна иборат буда, дорои 62 синфхона ва 89 ҳуҷраи корӣ мебошад. Ҳамчунин дар шафати бинои мазкур толори маҷлисгоҳ бо 1600 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.