Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон ба хотири коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумак ба ҷавонон дар дарёфти ҷойи кори муносиб дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ Маркази хидматрасонӣ ба муҳоҷирон бунёд менамояд.
Ин ниҳод мегӯяд, марказҳои мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» ба истифода дода мешаванд.
Гуфта мешавад, дар марказҳои хидматрасонӣ бо муҳоҷирон вобаста ба баланд бардошти сатҳи саводнокӣ дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо машғулиятҳои дахлдор гузаронида шуда, муқаррароти асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии дахлдор омӯзонида мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази хидматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар идома доранд. Он тибқи лоиҳа 3 ошёна буда, аз ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, 3 ҳуҷраи машваратӣ, толори бисёрвазифавӣ, 8 синфхонаи махсус, толори тренингҳо, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, омӯзгорон ва дигар кормандон, китобхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои техникӣ иборат мебошад.
Ҳачунин дар назди марказ устохонаи таълимӣ барои касбҳои пардозгар, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.