БАПР барои бунёди 6 мактаб дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва директори иҷроияи блоки лоиҳавии Бунёди авруосиёии пойдорӣ ва рушд Андрей Широков дар робита ба сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода Созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, зимни имзои созишнома таъкид гардид, ки ҳадаф сари вақт ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар ин иншоот корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, муассисаҳои таълимӣ тибқи нақша моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор мегиранд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалӣ намудани назорат ва ҳамоҳангсозии корҳои сохтмонӣ ва иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.04.2021  миёни тарафҳо комиссияи дуҷониба таъсис дода шуда, ба ҳайати он мақомоти дахлдор шомил гардидаанд. Бо ин мақсад 13 ҷаласаи ситоди комиссия бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардида, оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.