Ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи 8-уми Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳунарнамоӣ воло нишон доданд. Дар ин рӯз Тоҷикистонро Мавлуда Одинаева (-70кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду -90кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) намояндагӣ карданд.
Нахуст ҷудокорбонуи кишвар Мавлуда Одинаева дар вазни (-70кг) рақобатро оғоз кард ва дар рақобати нахустинаш аз ҷудокорбонуи озарӣ Судаба Агҳаюева шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Паҳлавони ҷавону умедбахши кишвар Шодмон Ризоев (-81кг) барои Тоҷикистон дар ин мусобиқа медали биринҷиро ба даст овард.
Шодмон барои ба даст овардани нишони биринҷӣ варзишгари қирғиз Асад Масабировро бо имтиёзи иппон дар 1-дақиқаю 8-сония мағлуб кард.
Ризоев дар даври аввал озод буд ва барои то ба ин марҳила роҳ ёфтан, дар даври дуюм ҷудокори тунисӣ Ҳачем Селаммиро ноком карда, ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ баромад. Шодмон дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ҷудокори ботаҷрибаи ӯзбек – Шарофиддин Болтабоевро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар рақобати нимниҳоӣ варзишгари мо аз намояндаи АМА – Нугзари Туталашвили шикаст хӯрда, барои медали биринҷӣ ҷудочии Қирғизистонро ноком кард.
Варзишгари пуртаҷриба ва номовари кишвар Комроншоҳи Устопириён дар вазни (-90кг) дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм муқобили варзишгари эронӣ Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ оғоз карда, ғалаба ба даст овард ва ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ҷудокори мизбон ва дар даври нимниҳоӣ паҳлавони Лубнон — Карамноб Сагаиповро дар вақти тиллоӣ шикаст дода, ба финал баромад.
Комроншоҳ дар финал аз ҷудокори мизбон — Михаел Зганк бо имтиёзи иппон дар сониҳояи охири рақобат дучори шикаст гардид ва медали нуқраро ба даст овард.
Дар ин вазн паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) дар даври аввал озод буд ва рақобатро дар даври дуюм шуруъ кард.
Дар даври дуюм Ҷаҳонгир муқобили Ғасем Бағчеғи аз Эрон зафар ёфта ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Ҷаҳонгир аз ҷудокори турк Михаел Зганк мағлуб гардид ва рақобатро дар даври тасаллобахш идома дод.
Дар даври тасаллобахш ҳарифи Ҷаҳонгир – ҷудокори бомаҳорати ӯзбек, барандаи нишони биринҷии Бозиҳои Олимпии Токио 2022 – Давлат Бобонов гардид. Ҷаҳонгир дар ин рақобат бо имтиёзи иппон аз Давлат шикаст хӯрду ҷойи 7-умро дар 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соҳиб шуд.
Паҳлавони сангинвазни кишвар Абубакри Акобир барои Тоҷикистон дар рӯзи 8-уми Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қуния нишони биринҷиро ба даст овард.
Бояд қайд намуд, ки миёни сангинвазнҳо теъдоди иштирокчиён кам буд ва Абубакр рақобатро аз марҳилаи 1/4 ниҳоӣ шуруъ кард. Дар ин рақобат паҳлавони тоҷик тавонист варзишгари қазоқ — Ислам Бозбайевро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ Абубакр аз ҷудокори ӯзбек Музаффарбек Турабоев мутассифона мағлуб гардид ва рақобатро барои соҳиб шудани медали биринҷӣ идома дод. Абубакр барои ба даст овардани нишони биринҷӣ ҷудокори покистонӣ Қайсар Ханро дар сонияҳои охири рақобат бо имтиёзи иппон мағлуб кард ва медали биринҷиро ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон давоми 8-рӯзи рақобатҳои Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба гирифтани 2-нишони нуқра ва 5 нишони биринҷӣ даст ёфтааст.
Медалҳои дигарро барои Тоҷикистон дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ — Илдар Аҳмадиев (ҷаҳиш ба дарозӣ, нишони нуқра), Асламҷон Азизов дар вазни то 55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63кг (гӯштини юнону румӣ, ду нишони биринҷӣ) ва Екатерина Ишенко (пара-тенниси рӯи миз, 1-нишони нуқра ва 1-нишони биринҷӣ ) ба даст овардаанд.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”