Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон масъалаи рушди табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро баррасӣ намуданд, хабар доданд аз Палатаи савдо ва саноати кишвар.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот Манзура Рустамова оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, бизнес–форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ маълумот додааст.
Ҳамзамон аз сафир Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон даъват гардидааст, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар ҳамоишҳои тиҷоратие, ки дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешаванд, мусоидат намояд.
Сафир Валид Абдурраҳмон Ар–Рушайдон иброз доштааст, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар чорабиниҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Манзура Рустамова барои ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ дар бунёди корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ва рушди табодули молу маҳсулот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намудааст.