Рустам Солӣ, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо раиси ҶСП “Телевизион ва радиошунавонии Озарбойҷон” дидору гуфтушунид намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо барои роҳандозӣ ва баргузории давраҳои омӯзишӣ ё донишафзоӣ барои кормандони телевизион ва радио мубодилаи афкор намуданд.
“Ҷонибҳо масъалаҳои ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ё курсҳои такмили ихтисос барои омода намудани барномаҳои сиёсиву-фарҳангӣ, телевизионӣ, радиоӣ ва намоиши филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатиро мавриди баррасӣ қарор доданд”, – омадааст дар хабарнома.
Дар Тоҷикистон 8 телевизион ва 5 радиои давлатӣ ва даҳҳо радиои хусусӣ вуҷуд дорад.