Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаро ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи ҶДММ “Дурахшон Бӯстон”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Гуфта мешавад, корхонаи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ғайбулло Раҳмонов бо ҳадафи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот бо 20 ҷойи кор дар масоҳати 0,47 гектар таъсис дода шудааст.

Барои бунёди корхона ва таъмини таҷҳизоти технологияи инноватсионӣ 7 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва насб карда шуда, махсулот дар таҷҳизоту дастгоҳи муосир бо риояи технологияҳо дар якчанд марҳила амалӣ мегардад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 20 тонна ва дар як сол 240 тонна коркарди ашёи хом мебошад.

Сарвари давлат ба ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар заминаи ҳиссагузорӣ дар панҷсолаи рушди соҳаи саноат баҳои баланд дода, таькид намудаанд, ки маҳз рушди соҳаи саноат аз имконияту иқтидорҳои таҳкими содирот мебошад.

Қобили зикр аст, ки саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар шашмоҳаи аввали соли равон ба маблағи 286,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.