Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои нав оғоз бахшиданд

Дар доираи сафарӣ корӣ дар вилояти Суғд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои нав оғоз бахшиданд.

Тавре ки Хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад,Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи дӯзандагии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро ифтитоҳ намуданд.

Гуфта мешавад, коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи корхонаи фаръии “Зари Суғд”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” бунёд ёфтааст.

Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ 45 нафар занону бонувон ва духтарони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар навбати аввал музди маошашон 1800 сомониро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли либоси мактабӣ, либосҳои махсус барои кормандони соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагиву истеҳсолии он аз давлатҳои Туркия, Чин ва Ӯзбекистон ворид карда шуда, маблағи сармоягузорӣ қариб 2 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, коргоҳи дӯзандагӣ иқтидор дорад, ки дар як сол ба маблағи 10 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, талаботи сокинони шаҳри Бӯстонро бо либоси мактабӣ таъмин намуда, бо дигар минтақаҳои вилояти Суғд дар ин самт ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур додаанд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолӣ бештар таваҷҷуҳ равона карда шавад.

Масъулин гуфтаанд, ки тасмим доранд дар солҳои оянда сехи истеҳсоли либоси варзишӣ бо 23 ҷойи нави кор, хатти истеҳсоли қуттиҳо барои тухм бо 18 ҷойи кор, сехи истеҳсоли чархҳои буранда бо 30 ҷойи кор ва нуқтаи хизматрасонии техникӣ бо 15 ҷойи кор таъсис бидиҳанд. Дар сехҳои нав асосан маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол хоҳад шуд.

Ҳамчунин Раисиҷумҳури кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” коргоҳи қолинбофиро боз намуданд.

Зикр мегардад, ки коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар мамлакат нахустин буда, дар коргоҳ ҳунармандони тоҷик ҳамроҳ бо ҳунармандони ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳои хуштарҳ машғуланд.

Дар коргоҳи қолинбофӣ 14 нафар занону духтарон бо омезиш додани тору пуд дар қолинҳо нақш меофаранд. Барои омода намудани як қолини дастибоф мувофиқ ба ҳаҷмаш то 6 моҳ ва зиёда аз он вақт сарф мешавад. Ба коргоҳ 14 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда шудаанд.

Сардари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳунармандони ин коргоҳи қолинбофӣ ва ҳунармандони вилояти Марғелони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маҳсули ҳунари дасти ин бонувон баҳои баланд дода, барои рушди ҳунари қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ масъулинро вазифадор намудаанд.