Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо тими ҷавонони Қирғизистон (U-19) рақобат намуд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки тими ҷавонони то 19-солаи кишвар бо ҳисоби 3:1 ғалабаро ба даст овард.
Голҳоро аз ҳайати тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) — Асадбек Ҷӯрабекзода, Салам Ашӯрмамадов ва Сунатулло Азизов ба самар расониданд.
Нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Салам Ашӯрмамадов дар бозии даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо тими Қирғизистон (3:1) беҳтарин бозигар дониста шуд.
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) баъди ду бозии анҷомдодааш бо касби 6 имтиёз дар садри гурӯҳ қарор дорад.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”