“Мутаасифона, тариқи маркази миллии тестӣ (ММТ) ба Филиали Донишкадаи энергетикии шаҳри Маскав (ДЭМ) дар шаҳри Душанбе, танҳо 10 нафар дохил шудаанд, ки аз ин миён 9 нафар ба шӯъбаи ғоибонаи донишкада ва 1 нафар ба шӯъбаи рӯзона бояд ҳуҷҷатҳои худро супоранд.” – ин нуктаро муовини ректори Филиали ДЭМ дар шаҳри Душанбе Акрам Додоҷонов зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Дар нишасти матбуотӣ муовини ректори Филиали ДЭМ дар шаҳри Душанбе Акрам Додоҷонов гуфт, ки қабули имтиҳонҳои довталабон ба гурӯҳҳои буҷавӣ дар донишкада ва дар ҳузури коммисияи босалоҳият, ки аз Федеоатсияи Россия меоянд, сурат гирифта, дар ММТ довталабон гурӯҳҳои шартномавӣ интихоб карда метавонанд. Ҳамзамон номбурда зикр кард, ки ҳамасола баъди хатми курси дуввум ба мактаби олии асосӣ, ки дар шаҳри Маскав воқеъ аст, 10 – 12 нафар интиқол меёбанд, ки дар он ҷо тариқи буҷавӣ таҳсили худро идома медиҳанд.
Муовини ректори Филиали ДЭМ дар шаҳри Душанбе Акрам Додоҷонов зикр кард, ки сесияи имтиҳонӣ дар донишкада пурра ба тарзи анъанавӣ сурат мегирад ва донишҷӯ бо омӯзго рӯ ба рӯ имтиҳон месупорад. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраи илмҳои табии донишкада 12 мақолаи илмӣ ва 7 кори методӣ ва аз ҷониби омӯзгорони кафедраи электроэнергетика 14 иақолаи илмӣ ва ду корӣ методӣ – таълимӣ дар маҷаллаҳои илмии байналмиллалӣ нашр шудаанд.
Дар охир махсусан қайд гардид, ки хатмкунандагони Филиали ДЭМ дар шаҳри Душанбе дар қисмҳои энергетикии тоҷикистон аз қабили Барқи тоҷик, Роғун, Варзоб, шуъбаи барқи шаҳрии Душвнбе, зеристгоҳи Регар, Кӯлоб, Тоҷикгидромонтаж, Помир Энержӣ, Файзобод, Ёвон ва Ҳисор аллакай фаъолияти худро ба роҳ мондаанд ва дар пешрафти моҳаи энергетикаи ҶТ саҳми назаррас мегузоранд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”