26 июли соли 2022 дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат, роҳбарияти сохторҳои Кумита ва доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нахуст, Раиси Кумитаи телелвизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба рӯзноманигорон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2022 маълумоти мухтасар дод.
Раиси Кумита қайд намуд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали 2022 дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи телевизион ва радио татбиқ намуд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паём Нақшаи кори Кумита барои нимсолаи аввали соли 2022 иборат аз 47 банд таҳия ва тасдиқ гардид.
Нуриддин Саид таъкид кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои калонҳаҷм ва филмҳои мустанаду ҳуҷҷатӣ, ҳамчунин, таҳкими корҳои техникӣ дар назди Кумита шуроҳои бадеӣ, таҳрир ва техникӣ амал менамоянд.
Дар бораи дастовардҳои соҳа сухан карда, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид афзуд, ки Дар ин давра дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 1 апрели соли 2022 ҳамчун самараи неки сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷуҳу ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба фаъолият шурўъ намуд.
Муассиса ҳамарўза барои бинандагон силсилаи намоишҳои иттилоотӣ, маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ, ролику лавҳаҳои тарғиботии инъикоскунандаи бахши сайёҳию ҳунармандии мамлакатро таҳия ва пешниҳод менамояд.
Кумита ба масъалаи такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд.
Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО–и Тоҷикистон” 10 машғулияти омўзишӣ гузаронида шуда, дар он 115 нафар кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизионию радиои марказӣ ва минтақавӣ, инчунин матбуоти даврӣ иштирок намуда, ба 84 нафар гувоҳнома (сертификат) супорида шуд.
Ҳамчунин дар оғози соли 2022 Академия аввалин маротиба барномаҳои такмили ихтисосро дар шакли китоби алоҳида таҳия намуда, ки он дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм чоп шуд.
Тибқи нақшаи кории муассиса дар ҳар се моҳ як маротиба мониторинг оид ба муайян намудани мавқеи тамошобинон оид ба фаъолияти шабакаҳои телевизон ва радио, инчунин нашриёти даврии мамлакат дар минтақаҳои гуногун назарсанҷӣ гузаронида мешавад. Дар ин муддат барномаҳои таълимӣ низ барои журналистикаи соҳавӣ омода карда шуданд.
Айни замон Кумита 2 барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ барои солҳои 2020-2024” ва “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”-ро татбиқ менамояд, ки дар нимсолаи якуми 2022 тибқи нақша вазифаҳои пешбинишуда, ба таври қаноатбахш иҷро гардиданд.
Баъди иҷрои марҳилаи дуюми “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” сатҳи фарогирӣ бо пахши рақамӣ дар ҷумҳурӣ ба 78,7% расонида шуд. То анҷоми барнома сатҳи фарогирӣ бо пахши рақамӣ дар мамлакат ба 100 фоиз расонида хоҳад шуд.
Дар посух ба саволи хабарнигор роҷеъ ба вазъи фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ посух дода шуд, ки дар мамлакат фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион дар пахши рақамӣ ҳоло 72% -ро ташкил медиҳад. Фоизи фарогирӣ дар пахши аналогӣ бошад “Телевизиони Тоҷикистон”-99,72%, “Телевизиони Сафина”-92,70%, “Баҳористон”-89,01% ва “Ҷаҳоннамо”-78,96% аст. Фоизи фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ “Радиои Тоҷикистон”-88,60%, “Овози тоҷик”-57,90%, “Садои Душанбе”-65,80% ва “Фарҳанг”-59,87% мебошад. То охири сол дар доираи татбиқи марҳилаи дуввуми “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” ҳаҷми фарогирӣ ба 80 % расонида хоҳад шуд.
Дар посух ба саволи хабарнигор вобаста ба ҳамкориҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлаҳо ва ширкатҳои хориҷӣ посух дода шуд, ки Кумита ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи телевизион ва радио корҳои муайянро ба анҷом расонид. Айни замон Кумита бо 19 давлати хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Эрон, Италия, Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҳиндустон, Туркманистон, Покистон, Белорус, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Давлати Фаластин, Давлати Қувайт дар соҳаи телевизион ва радио санадҳои ҳамкорӣ дорад. Ҳамчунин Кумита бо сохторҳои марбутаи Арабистони Саъудӣ, Фаронса ва Малайзия масъалаҳои ҳамкориро дар самти табодули таҷриба, навор, истеҳсоли филмҳо ва дастрасии дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ баррасӣ менамояд.
Дар нишасти хабарӣ намояндагони ВАО оид ба дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Кумита саволҳо дода, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.