Ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев ба дастаи “Ислоч”-Белоруссия гузариш кард. Қаблан Самиев дар бошгоҳи “Торпедо-БелАЗ” ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ соли 2021 ба ин даста ро, шомил гардида буд.
Дастаи “Ислоч” баъди марҳилаи аввали чемпионати Белоруссия аз тими “БАТЭ” як имтиёз камтар, дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад.
Шаҳром аз соли 2019 инҷониб дар тими мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда истодааст. То ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар дар 14-бозӣ ҳунарнамоӣ карда, ба задани 4-гол даст ёфтааст.