ДБССТ: Гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ афзоиш меёбанд

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 5 гурӯҳи иловагии таҳсилаш бо забони англисӣ барои соли таҳсили 2022-2023 ташкил карда шудааст.

Дар ин бора имрӯз Убайдулло Асрорзода, ректори ДБССТ зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода гуфт, шароитҳои муосири таълимӣ ва густариши корҳо дар самтҳои мухталифи фаъолияти муассиса дар ин давра боис шуд, ки таълимгоҳ мақоми байналмилалиро соҳиб шуда, фаъолияти филиалҳои он низ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд тибқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Гуфта шуд, ки вобаста ба эҳтиëҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон якчанд ихтисосҳои нав, аз ҷумла ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ, саноат, иқтисодиëти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, технологияи зеҳнии компютерии реинжиниринг ва бизнес – равандҳо, маркетинг дар тиҷорати электронӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, хадамоти консулӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, полиси сайëҳӣ, тибби сайëҳӣ, сайëҳии осоиштагӣ- табобатӣ таъсис дода мешаванд.

Ба итттилои Убайдулло Асрорзода, ректори ДБССТ дар идома қайд кард, ки ҷамъи ихтисосҳои амалкунанда аз 56 ба 77 адад расонида шуд

Ҳамчунин тибқи маълумоти номбурда шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 кафедраи ҳарбӣ дар донишгоҳ ба фаъолият шуруъ мекунад.

Малоҳат Тоҳирова

радиои “Тоҷикистон”