Чемпионати CAFA-2022 миёни занон дар Душанбе ба анҷом расид ва мунтахаби занонаи Ӯзбекистон қаҳрамон шуд

Бо пирӯзии дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар Душанбе мусобиқаи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид.

Дар даври ниҳоӣ, тими занонаи Ӯзбекистон бар тими Эрон бо ҳисоби минималии 1:0 пирӯзӣ ба даст овард. Муаллифи голи ягонаи ин рақобат ва пирӯзиовар Мафтуна Шоимова буд, ки дар дақиқаи 86-уми вохӯрӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар мунтахаби Қирғизистон бар тими миллии Тоҷикистон бо натиҷаи (1:0) ғолиб омад.

Ба ин тартиб, тими мунтахаби занонаи Ӯзбекистон дар 4-бозии баргузор намудааш 4-пирӯзӣ ба даст оварда, бо касби 12-имтиёз аввалин барандаи мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид.

Медалҳои нуқраро бозингарони Эрон бо касби 9-имтиёз соҳиб шуданд. Медалҳои биринҷӣ бошад насиби мунтахаби Қирғизистон (4-имтиёз) гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона, дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов ширкат доштанд.