Тавре ҳамкорамон Машраби Холмаҳмад имрўз аз нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ 462 шаҳрвандон ба қабули шахсӣ пазируфта шуда, тавассути телефони боварӣ 45 муроҷиатҳои шифоҳӣ ва тариқи Интернет – қабулгоҳи Прокуратураи генералӣ 61 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва чораҷӯӣ карда шудаанд.
Ба мақомот 20834 муроҷиатҳои хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 1732 шаҳрвандон барқарор карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ зимни нишаст таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 4161 санҷишҳо гузаронида, ҳуқуқу манфиатҳои 141 951 нафар шаҳрвандонро барқарор карда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда 62 176 санади эътиноӣ, аз ҷумла 12 747 амр, 5 796 пешниҳод бароварда, ба санадҳои ғайриқонунӣ 9 292 эътироз оварда, 34 341 санади ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддию маъмурӣ қабул намудаанд.
Ҳамчунин дар нишасти матбуоти Прокуратураи генералӣ Юсуф Рањмонба хабарнигорон иттилоъ дод, ки аз натиҷаи баррасии онҳо 9 079 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 4 838 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 20 424 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 2 487 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 577,3 млн сомонӣ зарар, аз он 313,5 млн сомонӣ ба буҷети давлат барқарор ва 11 186 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст,-хабар дод ҳамкорамон Машрби Холмаҳмад. Мақомоти прокуратура тафтиши 2468 парвандаи ҷиноятиро таъмин намуда, 2320 адади онро барои баррасӣ ба суд ирсол намуда, 61,7 млн сомонӣ зарар, аз ҷумла 7,4 млн сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.
Машраби Холмаҳмад
радиои “Тоҷикистон”