Тими занонаи Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2022 аз мунтахаби Ӯзбекистон шикаст хӯрд

Дар Душанбе бозиҳои даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби занона баргузор гардид, ки дар рӯзи дувуми бозӣ тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз тими миллии Ӯзбекистон бо ҳисоби калони 0:6 шикаст хӯрд.

Аз ҳайати ғолибон Нилуфар Қудратова хет-трик анҷом дод. Илвина Аблякимова бошад дубл намуд. Заррина Маматкаримова як голи дигарро ба дарвозаи тими миллии Тоҷикистон ворид намуд ва тавонистан, ки галабаи калонро ба даст биёранд.

Дар вохӯрии дигар дастаҳои занонаи Туркманистон ва Қирғизистон мусовӣ намуданд.

Пас аз анҷоми ду даври мусобиқоти қаҳрамонии занонаи CAFA-2022 дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон, ки 3-имтиёзӣ ба даст овардаанд, пешсафиро соҳиб шудаанд.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби занона рӯзи панҷшанбеи 14-июл баргузор мешаванд.

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

Рӯзи 14-июл (панҷшанбе)

Соати 19:00  Ӯзбекистон — Туркманистон

Соати 22:00  Эрон — Тоҷикистон

Даври 4-ум

Рӯзи 17-июл (якшанбе)

Соати 19:00  Эрон — Туркманистон

Соати 22:00  Қирғизистон — Ӯзбекистон

Даври 5-ум

Рӯзи 20-июл (чоршанбе)

Соати 19:00  Ӯзбекистон — Эрон

Соати 22:00 Тоҷикистон — Қирғизистон

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”