Чаро бонкдории исломӣ бояд рушд кунад?

Ба андешаи баъзе доираҳои молӣ ҷорӣ намудани низоми нав – бонкдории исломӣ имкон фароҳам меорад, то маблағҳои институтҳои молиявии исломӣ  ба ташкилоти қарзӣ ҷалб карда шаванд ва аз ин ҳисоб ба мизоҷон қарзҳои гуногун пешниҳод гарданд. Ҳамчунин аз ҳисоби аҳолӣ маблағҳои барои амонат ҷалб ва ба аҳолӣ қарз дода шавад.

То ба имрӯз тавассути низоми бонкии анъанавӣ маблағҳои зиёди аҳолӣ ҷалб гардидаанд ва хизматрасониҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Аммо ҳастанд бонкҳое, ки душвории молиявӣ доранд ва барои беҳтар намудани вазъи молиявии худ ва ҷалби мизоҷ мехоҳанд ба низоми нав гузоранд. Тавре Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суҳбат ба Радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки ҶСК «Соҳибкорбонк» яке аз чунин бонкҳо буд, ки соли гузашта иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистонро дар бораи фаъолият ба даст овард. Ҳамчунин ба ҶСП ТАҚҲ«Ҳумо» ва Фонди қарзии хурди «Имон» барои амалӣ намудани фаъолияти  бонкии исломӣ тавассути «Равзанаи бонкии исломӣ» иҷозатнома дода шуд. Соли равон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ барои додани қарз тавассути ин низом оғоз намуданд ва ба маблағи 4 миллион сомонӣ мардум қарзро гирифтанд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ, ки ҷумҳурии мо низ тибқи ин низом қадам мегузорад, хизматрасонии бонкӣ яке аз муҳимтарин намуд маҳсуб меёбад. Дар замони пешравии илму техника ва дастрасӣ ба маълумоти гуногуни ҷаҳонӣ ҳар як ташкилоти хизматрасон мехоҳад, то таваҷҷӯҳи мизоҷро бо хизматрасониҳои пешрафта ҷалб созад.

Солҳои охир барои нигаҳдории қурби асъори миллӣ, ҷалби депозит, гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ  дар қонунгузории низоми бонкии ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла  Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»  ҳанўз соли 2014-ум қабул гардида буд, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ фароҳам месозад. Қонуни мазкур  иборат аз  10 боб ва 64 модда  мебошад ва он дастурамалест барои ташкилоти қарзие, ки мехоҳад, тибқи ин низом фаъолият намояд.

Гузариш аз як низом ба низоми дигар албатта дар оғоз душвориҳоро меорад. Ин душвориҳо дар фаҳмиши молиявии мизоҷ, яъне надоштани маълумоти зарурии ӯ метавонад бошад, барои ба мизоҷ фаҳмонидани тартиби нав бошад, донишу фаҳмиши хуби мутахассиси соҳа  ҳатмист. Агар дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба мизоҷ натавонем хизмат расонем, аллакай ин  мизоҷро метавонем аз даст диҳем. Пас, он ташкилоти бонкие, ки мехоҳад ба фаъолияти бонкии исломӣ гузарад, омодакунии мутахассисонро пеш аз ҳама ба роҳ монад. Набояд фаромӯш кард, ки низоми нав аз низоми анъанавӣ бо шартҳои  амонатгузориву қарзгирӣ фарқ дорад.

Бонкҳо вазифадоранд тибқи қонунҳои амалкунанда хизматрасониро тавре  ба роҳ монданд, ки  ҳам ба манфиати амонатгузору ҳам ба манфиати қарзгир ва ҳам ба манфиати бонк бошад ва дар навбати худ қурби асъори миллӣ дар меъёри пешбинишуда нигоҳ дошта шавад.   Махсусан дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 талабот ба қарз бештар шудаву танҳо аз БДА ҶТ «Амонатбонк» дар нимсолаи аввал 26 613 муштарӣ 538,3 млн.сомонӣ маблағҳои қарзиро гирифтаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5 фоиз зиёд мебошад. Пас, низоми бонкии кишварро зарур аст, то барои дастгирии махсусан молистеҳсолкунандагон  қарзҳои имтиёзнокро пешниҳод кунанд, то бозори истеъмолӣ фаровон бошад.

                                     Шоистаи Аҳмад

                          Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *