Арзиши гази моеъ боло рафт. Рақобати носолим, омилҳои сунъӣ ва ё кишварҳои содиркунанда?

Агар  як моҳ пеш дар  ҷумҳурӣ  ҳангоми хуруҷи бемории  коронавирус нархи як литр гази моеъ 2 сомониву 80 дирам буд, ҳоло  ба 4 сомониву 20 дирам расидааст. Сабаб ва омилҳои болоравии  ин навъи сӯзишвори дар чист?

Бинобар  таҳлили коришиносони соҳа  дар Тоҷикистон беш аз 90 дарсади воситаҳои нақлиёт гази моеъро истифода мекунанд. Якбора боло рафатни қиммати сӯзишвориро бисёрҳо дар баробари таъсири омилҳои беруна, ба рақобати носолим ва дигар омилҳои сунъӣ марбут медонанд.

Аммо сардори Раёсати танзим ва инҳисороти табиии Хадамоти зиддиининҳисори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабиб Абдуллозода иброз дошт, ки афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон сунъӣ набуда, омилҳои берунӣ дорад. Ӯ ҳамчунин сабаби асосии афзоиши қимати нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро ба давлатҳои содиркунанда восбаста донист:  “Нархи газ дар моҳи май ва июн  паст буд. Дар баробари яку якбора аз байн рафтани ҳолатҳои карантини дар баъзе аз давлатҳо талабот ба ҳамин нархи сӯзишворӣ зиёд шуд. Агар нархи як тонна гази моеъ тибқи маълумоти “Аргуст” 335 долларро ташкил медод, то 15 июл ҳамин нарх 378 долларро  ташкил медиҳад, ки нисбати моҳи гузашта 60% баланд аст”.

Коршиноси масъалаҳои иқтисодӣ Далер Мерганов мегӯяд, ки омилҳои як муддат коҳиш  ва болоравии нархи сӯзишворӣ дар ҷумхури ба зуҳурёбии бемории сирояти каронавирус рабт  дорад. Ӯ афзӯд, ки марҳилаи аввали коронавирус, ки шадидтар ба назар мерасид, мардум як муддат дар карантин қарор доштанд, дар ин айём табиист, ки истифодаи маводи сӯзишворӣ аз тарафи шаҳрвандон коҳиш ёфта буд, ки ин  вазъият дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон дида мешуд. Дар шароити бӯҳрони пандемия болоравии нархи сӯзишворӣ имрӯз миёни мардум сару садоҳоро ба миён овардааст.

“Нархи маводи сӯзишворӣ дар худи давлатҳои истеҳсолкунанда боло рафт. Тибқи маълумоте, ки дастрас шуд ҳамасола кишвари мо ба 1 миллиону 890 ҳазор тонна ба маводи сӯзишворӣ ниёз дорад, ки аз  ин 400 ҳазор тона бензин аст, 680 ҳазор тонна сӯзишворӣ дизелӣ ва 250 ҳазор тонна гази моеъ аст. Дар мавриди оне, ки  роҳҳои алтернативӣ вориди маводи сӯзишвориро ба ғайр аз Россия ба роҳ монем ин масъала имконнопазир аст. Имрӯз ягона кишваре, ки барои мамлакати мо ҳамчун шарики стратегӣ аз лиҳози нарх ва сифати маводи сӯзишворӣ истеҳсолкунанда ин Федератисия Россия аст, ки мо аз он ҷо қисмати ҳамин маводи сӯзишвориро ворид мекунем”- мегӯяд Далер Мерганов.

Сабоҳат Мирзоева як сокини шаҳри Душанбе дар хусуси болоравии нархи сӯзишворӣ, гуфт  агар ду ҳафта қабл як литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 2 сомониву 80 дирам сар мешуд, ҳоло нархи ҳамин миқдор гази моеъ чор сомонӣ шудааст. Дар бораи таъсири  болоравии  нархи  сӯзишворӣ ӯ чунин мегӯяд: “Таъсири  болоравии нархи сӯзишворӣ дар байни ронандаҳои нақлиёти сабукрав хеле зиёд ба назар мерасад. Вақте аз онҳо сабаби болораави нархи нақлиётро мепурсем, онҳо гаронии нархи сӯзишвориро пеш меоранд”.

Дар  кишвар як идда тоҷирону савдогарон  баъзе аз омилҳои сунъиро  дастак намуда, нархҳоро боло мебаранд. Ронандагони нақлиётҳои сабукрав бошад,  аз болоравии нархи  гази моеъ изҳори нигаронӣ мекунанд.  Ба  назари  онҳо   ин ба кори онҳо таъсири манфӣ  расонидааст. Комрон Шоев, ронандаи нақлиёти сабукрав  мегӯяд, ки  онҳо маҷбур  мешаванд, дар ҳоли  болоравии нархи сӯзишвори  арзишӣ хизматрасониашонро баланд баранд. “Аз сабаби баланд будани нархи сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ мо низ сӯзишвориро бо нархи гарон харидорӣ менамоем аз ҳамин сабаб нархи нақлиётҳо гарон аст”- гуфт ӯ.

Тавре, ки ба назар мерасад ҳафтаи аввали моҳи июл дар давлатҳои истеҳсолкунанда, дар худи биржаи гази моеъ нархи ин сӯзишворӣ якбора 50 фоиз баланд шуд, ки таъсири он ба Тоҷикистон  низ расид. Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод вобаста ба беасос баланд намудани нархи сӯзишворӣ аз тарафи фурӯшандаҳо дар ҷамъбасти нимсолаи ин ниҳод гуфта буд: “Арзиши асли  нархи сӯзишворӣ дар яклухтфурӯшҳо тибқи маълумотҳое, ки мо аз Хадамоти гумрук гирифтааем, набояд аз 3 сомониву 20 дирам зиёд шавад. Дар ҳолати аз 20% беасос  баланд намудани  нархи сӯзишвори мо чорабиниҳоро шурӯъ мекунем”.

Масъулони ниҳодҳои дахлдор ва коршиносон бар он назаранд, ки болоравии нархи сӯзишворӣ муваққатӣ аст. Масъулини   Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки  болоравии нархи сӯзишворӣ минҷумла гази моеъ  асос надорад. Аммо мутахсиссони ин ниҳод нагуфтанд, ки барои  беасос боло бурдани  газӣ моеъ нисбати чанд нафар ҳуҷҷат тартиб додаанд.    Бинобар иттилои расмӣ  дар шаш моҳи  аввали соли равон ба Тоҷикистон бештар аз 217 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 180 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст.

 Ширин Тоҳирӣ

Радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *