Рӯзҳои 8-10 июл дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт мусобиқаи Grand Slam Hungary-2022 баргузор мегардад.
Тибқи иттилоӣ Федератсияи байналмилалии ҷудо IJF дар ин мусобиқа 274-мард ва 197-зан аз 68-кишвари ҷаҳон, аз рӯи 7-вазн барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ қуваозмоӣ мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ Муҳаммад Муҳаммадизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд.